барқияҳо
ИЗҲОРИ ТАСАЛЛИЯТ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андуҳи гарон хабар медиҳад, ки рӯзи 7 - уми октябри соли 2017 аз бемории сактаи дил қалби Нуриддин Раҳмон дар синни 67 - солагӣ аз тапидан боз монд.
Нуриддин Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, солҳои зиёд ба сифати механизатор фаъолият намуда, сипас, роҳбарии хоҷагии деҳқонии "Раҳмонҷон" - ро ба уҳда дошт.
Шодравон бо хислатҳои неки инсониаш дар ёди дӯстону наздикон абадӣ боқӣ мемонад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои ниҳоят вазнин ба бародари марҳум - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон, хешу табор ва пайвандонашон изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.10.2017 №: 210 Мутолиа карданд: 2533