ҳуқуқ
РИШВА ДУ КОРМАНДИ "ИНТЕРПОЛ" - РО БА ҶАВОБГАРӢ КАШОНД
Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду масъули Шуъбаи ҷустуҷӯи байналмилалии Бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии кишварро бо ҷурми гирифтани пора дастгир карданд.
Дар ин бора аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ҷумҳурият» хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, аз тарафи муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба А. А. Нуриддинов, Э. Р. Носиров ва дигарон бо моддаҳои 105 қисми 2 бандҳои «ж,з», моддаи 30 қисми 3, моддаи 105 қисми 2 бандҳои «а,ж,з» Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои тафтишотӣ гузаронда шуданд. Дар ҷараёни ин амал зарурияти ба сифати шоҳид пурсидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон «А» ва «Б» ба миён омада, кормандони Шуъбаи ҷустуҷӯи байналмилалии Бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи ба тафтишот ҳозир намудани шахсони зикршуда супориш гирифтанд.
Сардори Шуъбаи ҷустуҷӯи байналмилалии Бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии кишвар подполковники милитсия Алоҳиддин Камолов бо маслиҳати пешакӣ бо ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими ҳамин шуъба майори милитсия Ҷовид Ваҳобов, бо истифодаи мақоми хизматӣ, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр, 29 августи соли 2017 аз шаҳрванд «А» бо роҳи фиреб, бо баҳонаи он ки ӯро ба парвандаи ҷиноятии мазкур на ба сифати гумонбар, балки ҳамчун шоҳид ҷалб намуданашон 15 000 сомонӣ талаб намуданд. Онҳо аз ин маблағ дар утоқи кории Ҷовид Ваҳобов 5000 сомониашро гирифта, овардани 10 000 сомонии боқимондаро талаб карданд. Ҳамчунин, Алоҳиддин Камолов аз шаҳрванд «Б» низ 15 000 сомонӣ талаб намудааст. Ҳаммаслаки ҷиноятии ӯ Ҷовид Ваҳобов бо маслиҳати пешакӣ бо А. Камолов 30 августи соли 2017 аз шаҳрванд «Б» дар назди Беморхонаи ёрии таъҷилӣ дар дохили автомашинаи шахсиаш, маблағи 5000 сомониро гирифта, овардани боқимонда 10 000 сомониро талаб кардааст. Шаҳрвандон «А» ва «Б» аз кирдорҳои ҷиноятпешаи Алоҳиддин Камолов ва Ҷовид Ваҳобов огоҳ гашта, бо ариза ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, хоҳиш намудаанд, ки нисбат ба номбурдагон чораҳои қонунӣ андешида шавад.
Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ худи ҳамон рӯз - 30 августи соли 2017 дар назди Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе майори милитсия Ҷовид Ваҳобов бо Алоҳиддин Камолов, зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 10 000 сомонӣ дастгир гардида, далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Ба иттилои манбаъ, нисбат ба Ваҳобов Ҷовид Неъматович ва Камолов Алоҳиддин бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол шудааст.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.10.2017 №: 211 Мутолиа карданд: 1471