туризм
САЙЁҲӢ. ПОРТАЛИ МИЛЛӢ ТАЪСИС МЕЁБАД!
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли ҷорӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Хабарнигори рӯзнома дар бораи вазифаҳо, вазъи кунунии соҳа, дурнамо ва раванди татбиқи барномаҳои соҳавӣ бо раиси кумитаи навтаъсис Нуъмон Абдуғаффорзода ҳамсуҳбат шуд.
- Муҳтарам Нуъмон Абдуғаффорзода, ба андешаи шумо, алҳол вазъу дурнамои сайёҳӣ чӣ гуна аст ва вазифаҳои аввалиндараҷа ҷиҳати рушди соҳа кадомҳоанд?
- Қабл аз ҳама, миннатдории кормандони соҳаи сайёҳии ҷумҳуриро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи хосса ва дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи сайёҳӣ иброз медорам. Итминони комил дорам, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бахши сайёҳӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, зина ба зина ба яке аз бахшҳои сердаромади иқтисоди миллӣ табдил меёбад.
Айни ҳол яке аз вазифаҳои муҳимтарин муаррифии имконоти сайёҳии ҷумҳурӣ ба ширкатҳои сайёҳии ватании ба воридоти сайёҳон машғулбуда мебошад. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳатто ширкатҳои дохилӣ аз иқтидори сайёҳии мамлакат ба андозаи кофӣ воқиф нестанд. Раванди ба ширкатҳои сайёҳӣ ва соҳибкорон муаррифӣ намудани имконоти сайёҳии мамлакат идома ёфта, роҳбарону масъулони ширкатҳои сайёҳӣ бо имконоти сайёҳии шаҳру ноҳияҳо шинос мешаванд, барои сайёҳон хатсайрҳои нав таҳия ва пешниҳод мегарданд.
Муҳайёсозии инфрасохтори зарурии сайёҳӣ, бахусус сарироҳӣ, аз вазифаҳои аввалдараҷаи кумита ба ҳисоб меравад. Дар ин самт дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон нақшаҳои зиёд тарҳрезӣ шудаанд.
Тоҷикистон соли 2007 узви Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (СҶС) гардид ва барои ворид шудани шабакаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам омаданд.
Узвияти мамлакат дар ин сохтор дар баробари омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва иштирок дар ҷараёни ҳаллу фасли масоили рӯзмарраи соҳа, барои ташаккул ва дар оянда мустаҳкам кардани имиҷи сайёҳии ҷумҳурӣ манфиати зиёд мерасонад.
Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳамкориҳои судмандро бо роҳбарият ва коршиносони СҶС ҷоннок намудааст. Ду маротиба сафари Дабири кулли ин ташкилот Толиб Рифоӣ ба Тоҷикистон сурат гирифт. Пас аз натиҷагирӣ аз барномаҳои сафари худ он кас Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои захираҳои беҳамтои сайёҳӣ ва шарики боэътимоди созмон эълон карда, дар шабакаҳои ҷаҳонии сайёҳӣ сиёсати давлатии Тоҷикистонро оид ба рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар сатҳи олии касбӣ арзёбӣ намуд.
Татбиқи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2017 (алҳол идома дорад) барои беҳтар шудани вазъи сайёҳии кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Дар давраи амалишавии барнома, аз рӯи таҳлили коршиносони СҶС, Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳое, ки сайёҳиашон дар ҳоли рушд қарор дорад, ҷойи дуюмро касб намуд. Маҷаллаи машҳури байналмилалии “ТОП – 100” кӯҳҳои Бадахшони Тоҷикистонро дар қатори манзараҳои зеботарини дунё барои саёҳат тавсия додааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло ташрифи сайёҳон ба кишвар солона 400 ҳазор кас ва даромади соҳа тақрибан 200 миллион сомониро ташкил медиҳад.
- Коршиносон иброз медоранд, ки иқтидори сайёҳии Тоҷикистон ба қадри кифоя тарғиб намешавад. Барои рафъи ин камбудӣ чӣ тадбирҳо тарҳрезӣ шудаанд?
- Қабл аз ҳама, портали миллии сайёҳии ҷумҳурӣ ба таври муосир бо фарогирии ҳамаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва дастрасии осон ба он омода карда, вақтҳои наздик дар шабакаи интернет ҷой дода мешавад. Инчунин, дар заминаи озмуни кушод ва ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ бренди нави сайёҳии ҷумҳурӣ таҳия мегардад.
Бо мақсади рушди ҳамкории ширкатҳои дохилӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ намояндагони кумита ва ширкатҳои сайёҳии кишвар дар кишварҳои рушдёфтаи сайёҳӣ намоишҳои байналмилалӣ таҷриба меомӯзанд.
- Сарвари давлат зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон аз вазъи ногувори инфрасохтори сайёҳии ноҳия изҳори нигаронӣ кард. Кумита дар ин самт анҷом додани кадом корҳоро ба нақша гирифтааст?
- Ҷиҳати иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити муосири сайёҳӣ, бунёди инфрасохтор, омода намудани хатсайрҳои сайёҳии минтақа, таъмини сатҳи баланди хизматрасонӣ, тақвият бахшидани корҳои ташвиқотӣ ва ҷалби ҳар чи бештари сайёҳон ба мавзеъҳои тамошобоби ноҳия, тарбияи кадрҳои ҷавон, мавриди омӯзиши васеъ қарор додани таърихи мавзеи Сари Хосор ва ба роҳ мондани барномаҳои иттилоотиву ташвиқотӣ бо забонҳои давлативу хориҷӣ силсилаи корҳои муайян ҷараён доранд. Хусусан дар самти таблиғу рӯнамоии арзишҳои сайёҳии минтақа тадбирҳо таҳия гардида, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ тайи моҳҳои охир хеле вусъат гирифт.
Кумита тасмим гирифтааст, ки бо ҷалби соҳибкорон дар мавзеъҳои аз нигоҳи сайёҳӣ бартари минтақа ҳар чи зудтар инфрасохтори аввалиндараҷа муҳайё намояд.
- То ин дам ширкатҳои сайёҳӣ фаъолияти худро танҳо ба фурӯхтани чиптаҳои ҳавопоймо ва сайёҳии содиротӣ маҳдуд месохтанд...
- Мувофиқи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ такмил додани низоми иҷозатномадиҳӣ барои ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, пансионатҳо, истироҳатгоҳҳо ва дигар мавзеъҳои сайёҳӣ дар маҳалҳо, ба таври доимӣ таъмин намудани вазъи хуби санитариву эпидемиологӣ ва экологӣ дар инфрасохтори минтақаҳои сайёҳӣ, дар тамоми шоҳроҳҳои кишвар ва хатсайрҳои сайёҳӣ насб намудани аломатҳои ишоравии роҳнамо бо забонҳои давлатӣ ва англисӣ бо нишон додани мавзеъҳои аҳолинишин ва нуқтаҳои хизматрасонӣ барои ҷалби бештари сайёҳон замина мегузорад. Бо мақсади содатар намудани расмиёти сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон имконияти гирифтани иҷозатномаи электронӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.
Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.10.2017 №: 211 Мутолиа карданд: 2985