мулоқотҳо
ШАЙХ ХАЛИФА ИБНИ ҲАМАД ДАР ҲУЗУРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
9 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бародари Амири Давлати Қатар Шайх Халифа ибни Ҳамад ибни Халифа оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат, гидроэнергетика, фарҳанг, алоқаи ҳавоӣ, бонкдорӣ, саёҳат ва дигар бахшҳои афзалиятноки барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ гардиданд.
Зимни мулоқот Шайх Халифа ибни Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ таъкид дошт, ки бо дастури бародараш Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ ба Тоҷикистон омадааст, то ин ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба вафоти бародарашон - Нуриддин Раҳмон изҳори таъзия ва тасаллияти роҳбарияти давлат ва мардуми дӯсти Қатарро расонад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.10.2017 №: 211 Мутолиа карданд: 2363