президент
Машварати корӣ дар ҳузури Президент
Нимаи дуюми 18 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сардори давлат, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва олимону ходимони намоёни соҳаи илму фарҳанг оид ба омодагӣ ба ҷашни 1310-солагии Имоми Аъзам, иди саиди Фитр ва ба зимистони пешомад машварати корӣ доир намуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба омодагӣ ба ҷашни 1310-солагии Имоми Аъзам ва симпозиуми байналмилалии бахшида ба ин мавзӯъ ҳисоботи муовини раиси Кумитаи тадорукоти ҷашн-муовини сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова ва роҳбарони вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои дахлдорро шунида, ба масъулон оид ба омодагии ҷиддӣ ва дар сатҳи баланди илмию ташкилӣ гузарондани ин чорабинии муҳими илмию фарҳангӣ дастуру ҳидоятҳо дод.
Зимни машварат таъкид гардид, ки то имрӯз барои иштирок дар симпозиуми байналмилалии Имоми Аъзам беш аз 500 нафар олиму ходими намоёни илму фарҳанги ҷаҳони ислом қариб аз 50 кишвари дунё номнавис шудааст.
Дар масъалаи омодагӣ ба зимистон таваҷҷӯҳи асосӣ ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва захира намудани озуқаворӣ ва маводи сӯхт, аз ҷумла гази моеъ ва ангишт зоҳир карда шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имсол бори нахуст қисмате аз пойтахт бо гази табиии худӣ аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ таъмин мегардад.
Дар мавриди гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф таъкид ёфт, ки бо ин кор истеъмоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ 60-70% кам гашта, таъминоти мардум дар фасли зимистон бо барқу гармӣ хеле беҳтар мешавад. Бо назардошти ин бори дигар таъкид гардид, ки фитри рӯза на бо пардохти пул, балки бо хариди лампаҳои каммасраф ва додан ба оилаҳои камбизоат анҷом дода шавад, «зеро ин на кӯмаки яквақта, балки ёрии дарозмуддат ба эҳтиёҷмандон мешавад», изҳор дошт Сардори давлат.
Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аҳли ҷамъомадро бори дигар бо арафаи иди саиди Фитр табрику таҳният гуфта, онҳоро ба анҷом додани корҳои хайру савоб ва кӯмаку дастгирии ятимону бепарасторон, пирони барҷомондаю маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар эҳтиёҷмандон ҳидоят намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3902