ҳуқуқ
МАСТӢ БОЗ ЯК НАФАРРО БА ПАСТӢ БУРД
Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сокини пойтахт Ҷаҳонгир Бобоҷонови 22 - соларо барои дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт маҳкум кард.
Бино ба иттилои Сайдализода Шарифхон, судяи суди ноҳияи Шоҳмансур, Ҷаҳонгир Бобоҷонов 19 сентябри соли ҷорӣ, ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёти тамғаи «ТАЙОТА LC PRADO», рақами қайди давлатиаш 56-62 ЕА 01, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гумони сархушӣ боздошт шудааст. Мувофиқи хулосаи ташхиси тиббӣ муайян гардид, ки номбурда воситаи нақлиётро дар ҳолати мастӣ идора намудааст.
Суд баъди баррасии парванда Ҷаҳонгир Бобоҷоновро бар пояи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати панҷ сол, таъйин кард.
Ёдрас мешавем, ки ворид шудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (15 ҳазор сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати панҷ сол пешбинӣ менамояд. Қаблан, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷаримабандии 14 ронанда бо далели риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бар асоси тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ хабар дода буд.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.10.2017 №: 212 Мутолиа карданд: 1683