номаҳо
"ҚАЛАМРЕЗГӢ", НА "ҚУРОҚ"
Имрӯз ҷои калимаҳои тоҷикии падару модарро вожаи арабии «волидайн» гирифта истодааст. Ҳатто ин калима дар шакли «волидон» ба ҳукми анъана даромадааст.
Мебояд «падар» - у «модар» - и тоҷикӣ ҷои худро ба «волидайн» ё «волидон» иваз накунанд, чунки онҳо таърихи хеле қадима доранд.
Мебояд на «волидайн» - у «волидон», балки падару модар бинависему дар гуфтугӯ аз он истифода бикунем.
Калимаи «қуроқ» низ майли ҷои калимаи «қаламарезгӣ» (ва ё «қаламрезгӣ») – ро гирифтан дорад. Қариб ҳамарӯза тавассути радиову телевизион гӯш мекунему мебинем, ки ба ҷои «қаламрезгӣ» ва «қаламарезгӣ» «қуроқ» гуфта мешавад.
«Қуроқ» калимаи туркӣ буда, маънояш чизест, ки аз латтапораҳо дӯхта шудааст. Масалан, дастархони қуроқ, кӯрпаи қуроқ.
Рез – майда, ҳар чизи хурд аст.
Ҳамин тавр, аз ин пас на «қуроқ», балки «қаламрезгӣ» бигӯему бинависем ва аз нав дӯхтани чунин ҷиҳозу либосҳоро тоҷикона ба роҳ монем.
Амирхон Сайидзодаи МУНКӢ, ноҳияи Ховалинг
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.10.2017 №: 213 Мутолиа карданд: 2464