ҳуқуқ
СУҒД. ГУСЕЛИ 1800 НАФАР БА ХИЗМАТИ ВАТАН – МОДАР
Тайи солҳои охир дар вилояти Суғд дар сатҳи баланд ва рӯҳияи ватандӯстӣ доир кардани маъракаи гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳукми анъана даромадааст. Инак, чанде пеш бо иштироки васеи аҳли ҷомеа дар амфитеатри ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гусели 1800 нафар ҷавон аз 18 шаҳру ноҳияи вилоят дар фазои ҳамдиливу ҳамраъйӣ сурат гирифт.
Ҳамчун рамзи ватандорӣ, садоқату арҷу эъзоз ба хидмати гузаштагон, наваскарон дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати нахустини тоҷикон – шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар оғоз кулли даъватшавандагону волидайнашонро шодбош гуфта, иброз дошт:
- Имрӯзҳо мо метавонем бо бовар гуфт, ки Артиши миллии Тоҷикистон бо неруи бузург ва омодагии ҳамаҷониба марзу буми кишварро аз ҳар гуна амалҳои душманон ҳифз менамояд. Бо ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ барои сарбозону афсарон тамоми шароити хизмативу фароғатӣ фароҳам оварда шудаанд. Натиҷаи ҳамин ғамхориҳо буд, ки Артиши миллӣ ба сипари боэътимоди давлат табдил ёфтааст.
Тавре Назар Назарзода, комиссари ҳарбии вилояти Суғд, зикр кард, аксари ҷавонон бо амри дил барои адои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир мешаванд. Ҳамин аст, ки, аллакай, ноҳияҳои Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон нақшаи даъватро сад дарсад иҷро карданд.
- Артиши миллӣ мактаби бузурги мардонагист, - иброз дошт Давлатшо Саидов, падари даъватшаванда Насибулло Саидов аз ноҳияи Мастчоҳ, - аз ин хотир, ҷавонон бояд бо камоли ифтихор ва нангу номуси ватандорӣ омодаи хизмат бошанд. Дарк кунанд, ки ҳимояи марзу буми Ватани азизамон қарзи фарзандӣ ва мояи ифтихори ҳар як ҷавонмард аст.
Далер Охунов, яке аз нафароне, ки баъди хатми мактаби олӣ бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ меравад, чунин мегӯяд: - Ватанамро дӯст медорам. Ҳанӯз аз айёми донишҷӯӣ азм доштам, ки баъди адои таҳсил ба хизмат равам. Аз ҳамаи ҷавонони Меҳан даъват менамоям, ки хизмат дар сафи Артиши миллиро ба ҷо оранд, зеро пойдории давлат ва рушду равнақи ҳар кишвар бо сулҳу субот ва оромиву оудагии он иртиботи қавӣ дорад.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.10.2017 №: 213 Мутолиа карданд: 1661