ҳуқуқ
АРТИШИ МИЛЛӢ. САФИ ҶАВОНМАРДОНИ ВАТАНДӮСТ МЕАФЗОЯД
Даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ 1 октябри соли ҷорӣ шурӯъ шуда, то 10 октябр дар ҷумҳурӣ 46 дарсади нақша иҷро гардидааст. Комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим ва Мурғоби ВМКБ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истиқлол, Спитамен, Зафаробод ва Шаҳристони вилояти Суғд, Носири Хусрав ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон нақшаи даъватро пеш аз муҳлат иҷро карданд.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ҷумҳурият» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, нақшаи даъвати ҷавонон ба Артиши миллӣ то 10 октябр дар вилояти Хатлон 44 дарсад, Суғд 58, ВМКБ 71, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 36 ва чор ноҳияи шаҳри Душанбе 40 дарсад иҷро шудааст.
Имсол ноҳияи Дарвоз аввалин шуда нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро кард. Умедҷон Носирзода, муовини аввали раиси ноҳияи Дарвоз, ҳамзамон раиси комиссияи даъвати тирамоҳӣ, зимни суҳбати телефонӣ дар ин хусус, аз ҷумла чунин гуфт: «Сафари корие, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 14 сентябри соли ҷорӣ, ба ноҳияи Дарвоз доштанд, сокинон ва ҷавонони синни даъватиро рӯҳбаланд гардонд. Зеро Сарвари давлат дар мавзеи Яхчисори Ҷамоати деҳоти Нулванд хонаҳои навбунёдеро, ки барои аҳолии аз офати табиат зарардида бунёд гардида буданд, дар фазои тантанавӣ ба истифода доданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки ҷавонони сарбаланди ноҳия ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд».
Ба гуфтаи Умедҷон Носирзода, дар ноҳия барои ҷавононе, ки ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, курси ройгони ронандагӣ ташкил шудааст. Наваскарон пеш аз хизмат дар ин ҷо таҳсил карда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ мешаванд. Ба ҷавонони оиладори маҳаллӣ, ки дар қисми низомии ноҳия хизмат мекунанд, иҷозат дода шудааст, ки рӯзҳои истироҳат ба хонаҳояшон раванд. Барои онҳое, ки аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ хизмат мекунанд, дар қисми низомӣ хонаи вохӯрии сарбозон бо оилаҳояшон фаъолият мекунад.
Ёдрас мешавем, ки мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябри соли ҷорӣ оғоз гардида, то 31 ноябр идома меёбад.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.10.2017 №: 213 Мутолиа карданд: 1864