маориф
МАКТАБҲОИ БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР
Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, имрӯзҳо муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо 2820 компютер, 748 принтер ва дигар таҷҳизот таъмин гаштаанд.
Бино ба иттилои сардори раёсати маорифи ВМКБ Эраҷ Ҷонмирзоев, дар соли таҳсили 2016 - 2017 теъдоди хонандагони синфҳои 7 – 11 - ро 15251 нафар ташкил медод, ки ба 7 хонанда 1 компютер рост меояд.
Барои ба таври ҳамешагӣ фаъол будани техникаву технологияҳои нав дар раёсати маориф ва илми шаҳр ва шуъбаҳои он дар ноҳияҳо 110 генератори барқӣ мавҷуд аст. Айни замон, дар муассисаҳои таълимии вилоят 240 синфхонаи технологияи информатсионӣ ташкил карда шудааст.
Вобаста ба талаботи замони муосир моҳи июни соли равон барои 25 омӯзгори фанни технологияи информатсионӣ курси такмили ихтисос гузаронда шуд.
Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби марказ ва бахшҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди раёсат ва шуъбаҳои маориф ва илми ноҳияҳо корҳои назаррас ба анҷом расонда шуданд. Раванди пайвастан ба шабакаи ҷаҳонии интернет идома дошта, аз 312 муассисаи таълимии вилоят 85-тоаш ба он пайваст гаштанд.
Бо вуҷуди корҳои анҷомёфта, дар воҳидҳои кории амалкунандаи марказ нафарони навовар, барномасоз ва технологҳо камтар буда, аз ҳисоби ҷавонони болаёқат пур кардани воҳидҳои корӣ давом дорад.
Л. РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.10.2017 №: 213 Мутолиа карданд: 2783