маориф
ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ. ДДТТ ДАР ТАТБИҚИ ОН ФАЪОЛ АСТ
Ҳукумати мамлакат дар даврони истиқлолият масъалаи рушди маорифро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон намудааст. Ҳоло дар доираи консепсияву барномаҳо дар соҳа ислоҳот ва навсозӣ бо маром идома дорад, ки низоми таҳсилоти фосилавӣ аз ҷумлаи онҳост. Яке аз донишгоҳҳое, ки аввалин шуда низоми мазкурро ҷорӣ намудааст, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад.
Устодони донишгоҳ ин шакли таҳсилро барои шаҳрвандон мувофиқ ва дастрас меҳисобанд. Зеро дар ин намуди таҳсил донишҷӯ имкон дорад аз хона ва ҳатто берун аз кишвар бо истифода аз интернет дар донишгоҳ таҳсил намояд.
Раҳмоналӣ Мирзоев, сардори департаменти таълими донишгоҳ, мегӯяд: «Гузаштан ба шакли фосилавии таҳсилот тақозои замон аст. Таҳсилоти фосилавӣ ҳоло дар тамоми ҷаҳон васеъ паҳн гардидааст. Имрӯз дар ҷаҳон беш аз 7 миллион донишҷӯ ба таври фосилавӣ таҳсил мекунад.
Қабл аз пиёда сохтани таҳсилоти фосилавӣ омӯзгорони донишгоҳ онро ҳамаҷониба омӯхта, муайян намуданд, ки мутахассисоне, ки дар низоми таҳсили фосилавӣ дипломи дараҷаи бакалаврро соҳиб шудаанд, аз мутахассисони дар шакли ғоибона таҳсил намуда, дониш ва лаёқати беҳтарро соҳибанд. Донишҷӯ, ҳамчунин, имкон дорад дар самте, ки таҳсил мекунад ҳамзамон кору фаъолият намояд. Яъне, дар низоми фосилавӣ алоқамандии назария ва амалия ба роҳ монда мешавад, ки ба гуфтаи омӯзгорон ин дар омодасозии мутахассисон муҳим аст. Ба ин хотир, донишгоҳ ба усули анъанавии таҳсили ғоибона хотима бахшида, таҳсилоти фосилавиро ҷорӣ намуд. Ҳоло аз рӯи 14 ихтисос таҳсилоти фосилавӣ роҳандозӣ шуд.Муҳлати таҳсили донишҷӯёне, ки тибқи низоми таҳсилоти фосилавӣ мехонанд, 4 солро дар бар мегирад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон борҳо зарурати татбиқи таҳсилоти фосилавӣ бо истифода аз технологияи муосирро дар макотиби олӣ қайд намуда буданд. Аз ҷумла, зимни баромадашон дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави академияи Вазорати корҳои дохилӣ, таъкид намуданд, ки «Имрӯз вақти он расидааст, ки ба усули анъанавии таҳсили ғоибона хотима бахшида, таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда шавад».
Аммо барои амалӣ намудани низоми мазкур базаи моддӣ - техникии донишгоҳ бояд пурқувват бошад. Аз ҷониби дигар, гузариш ба ин навъи таҳсил технологияи нави таълим, донишҳои нав ва таҷрибаро талаб менамояд
Дар робита ба ин масъла Раҳмоналӣ Мирзоев гуфт: «Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дорои заминаи хуби техникӣ аст ва ин имкон медиҳад, ки таҳсилоти фосилавӣ дуруст ба роҳ монда шавад. Ба ин хотир, чанде пеш донишгоҳ дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибири Русия барои устодони донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар семинар - тренинг дар мавзӯи «Татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ тавассути истифодаи технологияҳои инноватсионии муосир» - ро роҳандозӣ намуд. Миёни донишҷӯёне, ки аз рӯи ин низом таҳсил менамоянд, ҳафтаи ташвиқотӣ гузаронда, ба онҳо дар бораи чӣ тарз бо технологияҳои навин кор кардан, ворид шудан ба шабака, гирифтани логин, рамзи донишҷӯ иттилоъ дода шуд».
Акнун донишҷӯён имтиҳонҳои якуму дуюм, корҳои мустақилона ва корҳои курсиашонро ба таври фосилавӣ - онлайнӣ месупоранд. Имтиҳони ҷамъбастӣ бо ҳузури донишҷӯ сурат мегирад.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.10.2017 №: 213 Мутолиа карданд: 2347