logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТ БО ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ ИДМ

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.

Қабл аз ҳама Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, натиҷаҳои бобарор орзу намуданд.
Сарвари давлат аз натиҷаи кори 25 - солаи Шӯрои вазирони мудофиа, ки фаъолияти он ба рушди равобити бисёрҷонибаи ҳамкории ҳарбӣ равона гардидааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки тайи ин муддат бо истифода аз таҷрибаи ғании андухта заминаи мустаҳками ҳамгироӣ таъсис ёфта, корҳои назаррасе анҷом дода шудаанд.
Дар ҷараёни мулоқот тақвияти ҳамкориҳои ҳарбӣ - техникӣ ва амниятиву мудофиавӣ дар доираи иҷрои Консепсияи ҳамкориҳои ҳарбӣ - техникии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2020 ва Барномаи панҷсолаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими амнияти марзӣ махсус таъкид гашт.
Ҳамзамон, зимни мулоқот бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи таъмини амнияту субот дар Афғонистон, таҳкими иқтидорҳои марзбонӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Ёдовар мешавем, ки раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018 ба ҷониби Тоҷикистон вогузор гардид ва дар ин бора дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия қарори дахлдор қабул карда шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2017    №: 213    Мутолиа карданд: 2525
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед