ҳуқуқ
ПУРСИШ ва ПОСУХ
Ба саволҳо Ғуфрон Бойматов - узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва Мунира Айдармамадова, ҳуқуқшиноси калони Бюрои давлатии ҳуқуқии шаҳри Хоруғи Вилояти
Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд,
метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Байни ману хоҳарам вобаста ба тақсими манзили истиқоматии марҳум модарам баҳс ба миён омада, ман баҳри ҳифзи ҳуқуқҳоям ба суд муроҷиат намудам. Зеро хоҳарам пас аз вафоти модарам бе розигии ман манзилро ба номаш ба расмият даровардааст. Дар рафти баррасии судии парванда ӯ розӣ шуд, ки ҳиссаи маро аз манзили меросӣ ихтиёран ҷудо менамояд.
Ҳамин тариқ, баррасии парванда бинобар аз байн рафтани баҳси мавҷуда дар асоси аризаи ман оид ба даст кашидан аз даъво қатъ карда шуд. Айни замон, дар идораи нотариалӣ барои ба расмият даровардани ҳиссаи ман аз мо ҳалномаи судӣ талаб карда истодаанд. Дар дасти ман танҳо таъйиноти суд оид ба қатъ кардани парванда мавҷуд асту халос. Бигӯед, ки дар ин ҳолат чӣ тавр ҳиссаи меросиамро ба номам ба расмият дарорам?
Абдурасул Турдиев,
сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
- Дар чунин ҳолат барои барасмиятдарории ҳиссаи меросии шумо мавҷуд будани ҳалномаи судӣ зарурият надорад. Зеро аз гуфтаҳои шумо маълум мешавад, ки хоҳаратон манзили истиқоматии меросиро ба номаш ба расмият дароварда, айни замон соҳибмулки манзили зист маҳсуб меёбад. Тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон молик ҳуқуқи озодона соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдории молу мулкашро дорад.
Хоҳаратон метавонад дар идораи нотариалӣ ҳиссаи меросиатонро дар асоси Шартномаи ҳадя ба расмият дарорад.
* * *
- Оё ворис ҳуқуқ дорад, ки аз мерос даст кашад?
А. Шоҳидарёева,
сокини шаҳри Хоруғ
- Мувофиқи моддаи 1179 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ворис ҳуқуқ дорад дар давоми шаш моҳ, аз рӯзе, ки ӯ дар бораи ба меросгирӣ даъват шуданаш донист ё бояд медонист, аз мерос даст кашад. Ҳангоми мавҷуд будани сабабҳои узрнок ин муҳлатро суд метавонад на бештар аз ду моҳ дароз намояд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.10.2017 №: 214 Мутолиа карданд: 1718