ҳуқуқ
ГУМРОҲӢ. ПАНҶ ҶИНОЯТКОРИ ХАВФНОК ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28 сентябр, таҳти раёсати судяи Суди Олӣ Муҳаммад Ҷалолиддин Кенҷазода парвандаи ҷиноятиро нисбат ба сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифҷони Зокир, Раҷабҷони Зокир, Равшан Файзиев, Рустамҷон Амирхоҷаев ва сокини шаҳри Душанбе Саъдӣ Саидов мавриди баррасӣ қарор дод.
Маҳкумшуда Шарифҷони Зокир барои он гунаҳгори асосӣ дониста мешавад, ки мунтазам ба сомонаҳои интернетии аъзои иттиҳоди экстремистӣ ва террористии «Давлати исломӣ» кор гирифтааст. Сипас, дар телефони мобилии худ барномаҳои «Зелло» ва «Телеграмм»-ро сабт намуда, дар онҳо худро бо номи «Умари Хуросонӣ» муаррифӣ кардааст. Баъдан, ӯ бародари ноболиғаш Раҷабҷони Зокир, писарамакаш Рустамҷон Амирхоҷаев ва шаҳрванд Равшан Файзиевро барои иштирок ба ҳайати иттиҳоди ҷиноятии мазкур ва таблиғи он ҷалб намудааст.
Шарифҷони Зокир моҳи сентябри соли 2015 ба воситаи барномаи «Зелло» бо аъзои фаъоли ин гурӯҳи террористӣ бо лақаби «Хаттаб» робита барқарор карда, супориш гирифтааст, ки барои ташвиқи «Давлати исломӣ» парчами онро аз матоъҳои ранги сиёҳ ва сафед ба андозаи 80х50 сантиметр тайёр намояд. Ӯ ин корро бо бародараш Раҷабҷони Зокир дар як муддати кӯтоҳ анҷом медиҳад. Баъд парчами «Давлати исломӣ» - ро бо Равшан Файзиев ба теппаи «Қӯрғон» ва боғи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа бурда, бо намоиш додани он дар саҳни шаҳр якчанд сурат гирифта, ба «Хаттаб» мефиристад.
Роҳбарони иттиҳоди ҷиноятӣ аз ин амали ӯ қонеъ гашта, ба номбурда супориш медиҳанд, ки дар асоси дарсҳои интернетии гирифтааш, таҷҳизоти таркандаи озмоишӣ омода созад. Моҳи декабри соли гузашта ӯ тибқи дастур амал карда, таҷҳизоти таркандаи сохтаашро дар ҷои беодам ба кор даровард ва лаҳзаи таркишро ба аъзои фаъоли «Давлати исломӣ» ирсол намуд. Бар ивази ин, роҳбарони ин гурӯҳи ҷиноятӣ ба ӯ ва ҳаммаслаконаш тавассути низоми интиқоли маблағи пулии электронии ҶДММ «Яндекс - денги» 6000 рубли русӣ интиқол додаанд.
Баъди дастрас кардани маблағ Шарифҷони Зокир якчанд амали террористӣ анҷом дод. Пас аз анҷом додани амалҳои террористӣ, пайхас намуд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба кирдорҳои зиёда аз 1 - солааш маълумот пайдо кардаанд, ба шаҳри Душанбе омада, ба хоҷагони худ дар ин хусус хабар дод. Аъзои фаъоли созмони террористии «Давлати исломӣ», ки бо ӯ ҳамеша дар тамос буданд, ба Саъдӣ Саидов, узви дигари гурӯҳи ҷиноятӣ супориш медиҳанд, ки барои аз Душанбе баромада рафтанаш мусоидат намояд. Зимни додани пул ҳам Саъдӣ Саидов ва ҳам Шарифҷони Зокир аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуданд.
Мувофиқи ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шарифҷони Зокир ҷазои ниҳоӣ - якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, ба Раҷабҷони Зокир ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати панҷ сол, ба Равшан Файзиев ҷазои ниҳоӣ - маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати чордаҳ сол, ба Рустамҷон Амирхоҷаев ҷазои ниҳоӣ - маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати сенздаҳ сол ва ба Саъдӣ Саидов ҷазои ниҳоӣ - маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати понздаҳ сол таъйин карда шуд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.10.2017 №: 214 Мутолиа карданд: 1665