ҳуқуқ
ИМТИҲОНИ ҶАВОНМАРДӢ
Имрӯз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ифтихор бояд дошта бошад, ки дар як ҷаҳони печидаи сиёсатҳои гуногуни давлатҳои абарқудрат дар фазои сулҳу осоиш таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагонӣ менамояд. Албатта, яке аз бахшҳои асосии давлатдорӣ, ки дар пойдор будани сулҳу оромӣ хизмат менамояд, ин артиши миллист.
Ҳимояи марзу буми ин кишвари соҳибистиқлол, ҳимояи нангу номуси модар, хоҳар, фарзанд, ҳамсар ва дар умум, як миллат маҳсуб меёбад. Ҳамаи бузургсолон, махсусан волидон вазифадоранд, ки оид ба арзиши бебаҳои хизмат ба Ватан ба насли ҷавон насиҳатҳо бикунанду маслиҳатҳо бидиҳанд.
Аммо бархе аз волидайнро дидам, ки ба фарзандонашон мегуфтанд: «Агар нахонӣ, ба хизмати ҳарбӣ мефиристамат».
Шояд волидайне, ки чунин мегӯянд, то ҳол дарк накарданд, ки пойдории сулҳ ва ҳаёти оромии ҳаррӯзаи онҳо бар асари ҳамин гуна хизмат аст. Ва ё онҳо ҳеҷ гоҳе дур аз Ватан намондаву ғурбатро начашидаанд.
Замоне ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Аврупо рафта будам. Рӯзе меҳмони як соҳибкори муваффақ дар касбу кори худ шудам. Номаш Ҳасан буд. Хонааш дуошёнаи бисёр замонавии зебо дар лаби баҳр ҷойгир. Ҳамсараш дар беморхона кору фаъолият мекард. Маоши онҳо қариб, ки ба 5000 доллари амрикоӣ мерасид. Ӯ, ки форсзабон буд, оид ба табиати зебои Тоҷикистон ва Ҷашни Наврӯз бо ҳасрат аз мо мепурсид ва мо бо як ифтихор ба саволҳояш ҷавоб мегуфтем. «Шумо шахси муваффақ ва хушбахт будаед, ки дорои чунин хонаву ҷои кор шудаед», - гуфтем ба ӯ. Ҳасан дар ҷавоб гуфт: «Ман муваффақ ҳастам, аммо хушбахт не. Агар падару модарамро пазмон шавам, ду рӯз кофист, ки онҳоро аз Ватан ба ин ҷо биёрам, аммо афсӯс, ки солиёни дароз ватанамро пазмонаму онро ба ин ҷо оварда наметавонам. Ман хонаеро, ки дар он калон шудаам, он кӯчаи хоколудеро, ки дар овони кӯдакиам даву тоз мекардам, он ҷӯйборакеро, ки аз назди хонаи мо мегузашт, пеши назар меораму ашк мерезам». Дар ин ҳол чашмони мо пур аз об шуду дилҳоямон озурда. Мо ҳам хона ва кӯчаи хоколуди худро пазмон шуда будем.
Ҳамчун як фарди Тоҷикистон тамоми ҷавонон ва махсусан онҳоеро, ки дар хизмати ҳарбӣ қарор доранд, гуфтанӣ ҳастам, ки шумо насли шуҷоу далер ва ватандӯстед. Пас, биёед дар татбиқи сиёсати созандаву сулҳҷӯёнаи давлату Ҳукумати худ пешсаф бошем. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат ба худу модари худ, хизмат ба Ватан аст.
Саидкарим РАҲИМОВ,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.10.2017 №: 214 Мутолиа карданд: 1849