ҳуқуқ
ҲАМКОРИҲОИ НИЗОМӢ. ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ҶАЛАСАИ 73 - ЮМИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар ин ҷаласаи муҳим роҳбарони сатҳи олӣ ва ҳайатҳои вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок карданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, дар ҷараёни ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ маҷмӯи масъалаҳо оид ба ҳамкории бисёрҷониба дар самти мудофиа ва амният мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вазирони мудофиа вазъи сиёсӣ-ҳарбӣ дар сарҳадҳои ҷанубии иттиҳодро баррасӣ карда, оид ба таъсири он ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ табодули афкор намуданд.
Бо назардошти вазъи кунунӣ дар марзҳои ҷанубии иттиҳод ҳолат ва зарурати рушди ҳамкории ҳарбӣ миёни кишварҳо баҳогузорӣ шуда, нақша ва тадбирҳои муштараки ҷавобӣ барои ояндаи наздик пешниҳод шуданд. Аз ҷумла, вазирони мудофиаи кишварҳои узви иттиҳод нақшаи чорабиниҳои муштараки неруҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои ҳавоиро барои соли 2018 тасдиқ намуданд. Ҳамчунин, дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиа вобаста ба самти асосӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил намудани ҳамкорӣ ҷиҳати роҳандозӣ кардани таъминоти муҳандисӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои узви ИДМ, истифодаи муштарак аз алоқаи кайҳонии таъйиноти ҳарбӣ, ҳамкорӣ дар бахши омодагии ҷисмонӣ, таъсис додани ассотсиатсияҳои миллӣ оид ба бозиҳои артишӣ ва муттаҳид кардани онҳо дар Ассотсиатсияи байналмилалии бозиҳои артиш қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Қарор карда шуд, ки байни хадамоти топографии неруҳои низомии кишварҳои узви ИДМ ҳамкорӣ ва мусоидати касбӣ ҷорӣ карда шавад. Вазирони мудофиа, ҳамчунин, ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар самти таъминоти иттилоотӣ қарор қабул карданд, ки дар назди Шӯрои вазирон Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои таъминоти иттилоотии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои иттиҳод тасъис дода шавад. Низомномаи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои таъминоти иттилоотӣ аз ҷониби роҳбарони вазоратҳои мудофиа якдилона дастгирӣ карда шуд.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.10.2017 №: 215 Мутолиа карданд: 1833