logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СОҲИБКОРОН ВА САРМОЯГУЗОРОНИ ВАТАНИВУ ХОРИҶӢ

14 октябр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили сеюмин солгарди Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола 14 октябр ҷашн гирифта мешавад, мулоқоти Пешвои миллат бо соҳибкорон ва сармоягузорон баргузор гардид.
Дар мулоқот намояндагони Ҳукумат ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ва ҷумҳуриявӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, коршиносони варзида, ширкатҳои сармоягузор аз мамолики олам, дар маҷмӯъ зиёда аз ду ҳазор нафар иштирок карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот дар назди иштирокчиёни сершумор суханронӣ карда, нахуст ба ҳамаи соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар  Рӯзи соҳибкорон комёбӣ ва муваффақият орзу намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳадаф аз баргузории мулоқотро фароҳам овардани имконияти васеъ барои муколамаи соҳибкорон ва сармоягузорон оид ба масъалаҳои мубрами соҳибкориву сармоягузорӣ, муайян намудани самтҳо ва роҳҳои асосии васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои соҳибкорон ва сармоягузорон бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорию сармоягузорӣ дар мамлакат маънидод карданд. Тақвият бахшидан ба ислоҳот ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахшҳои саноати миллӣ, навсозии техникиву технологии корхонаҳои саноатӣ, коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазир ва ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ аз мақсадҳои дигари мулоқот арзёбӣ гардид. Ҳамчунин, дар мулоқот масъалаи рушди имкониятҳои содиротии мамлакат ва мусоидат намудан ба мубодилаи иттилоот, робита ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ҷиҳати рушди ҳамкории соҳибкорон ва сармоягузорон ҷойгоҳи хосса дошт.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз ҳадафҳои Ҳукумати кишвар баҳри дастгирии соҳибкорӣ таъкид доштанд, ки дар натиҷаи татбиқи масъалаҳои вобаста ба рушди соҳибкорӣ, пеш аз ҳама, соҳибкории истеҳсолӣ, аз соли 2015 то ба имрӯз дар кишвар 820 корхонаи истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат бо 20 ҳазор ҷойи нави кории доимӣ ташкил карда шуд, ки аз онҳо 80 корхонаи муштарак бо фонди оинномавии беш аз 800 миллион сомонӣ мебошад. Дар ин давра истеҳсоли беш аз 35 намуди маҳсулоти саноатии нав ба роҳ монда шуд. Умуман, татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ дар даҳ соли охир имкон дод, ки рушди устувори иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба андозаи то 7 дарсад таъмин гардида, беш аз 650 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шавад ва даромади пулии аҳолӣ чор баробар афзоиш ёбад. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ дар муқоиса бо нишондиҳандаи 20 соли пеш аз 83 фоиз ба 30 фоиз расонда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ислоҳоти амалигардида ва фаъ-олияти пурсамари бахши хусусӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шуда, Тоҷикистон се маротиба ба даҳгонаи давлатҳои ислоҳотгар шомил гардид ва тибқи арзёбии агентиҳои рейтингии ҷаҳонӣ дар байни кишварҳои ҷолибтарини сайёҳӣ мавқеи дуюм ва дар байни кишварҳое, ки дар онҳо гирифтани раводид осон аст, мавқеи чорумро ишғол намуд.
Дастгириҳои доимии давлат имкон доданд, ки имрӯз ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то 70 дарсад зиёд гардида, 80 дарсади аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъолро фаро гирад.
Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст.
Аз соли 2018 марҳалаи сеюми татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ оғоз мегардад, ки дар самти дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ яке аз санадҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Дар анҷоми мулоқот Президенти кишвар аз иштироки фаъолонаи соҳибкорон ва саҳми онҳо дар пешрафти бахши соҳибкорӣ изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки Ҳукумати кишвар минбаъд ташаббусу пешниҳодҳои созандаи соҳибкоронро ҳамеша дастгирӣ мекунад ва барои амалӣ гардидани онҳо ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.
Вобаста ба иҷрои ҳадафҳои роҳбарияти давлат дар самти рушди иқтисодиёт ва дастгирии ҳамаҷонибаи бахши соҳибкорӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сохторҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузоронро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои амалӣ гардидани иқдомоти созандаи онҳо мусоидат намоянд.
Пас аз суханронии Президенти мамлакат намояндагони бахши хусусӣ, соҳибкорон - Нигина Икромова, Файзалӣ Раҷабов, муовини роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд Кристина Лаабс, роҳбари ҳайати соҳибкорони Афғонистон, вакили парлумон Саид Икром, роҳбарони ширкатҳои ватанӣ Дадахон Очилов, Искандар Орифов, Парвиз Муллоев, Назира Дилёбова, табиби халқӣ Муллозуҳур Тоҳирӣ, тарроҳ Мукаррама Қаюмова, Асадшо Зоҳиршоев, Раъногул Қурбонова ва Ҳусейн Сафаров ба музокира баромада, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид дар фазои сармоягузории кишвар, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва сиёсати дарҳои кушода изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Баромадкунандагон таъкид доштанд, ки ҳамаи вазифаҳои дар пешгузоштаи худро оид ба мусоидат ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ба таври самаранок иҷро менамоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.10.2017    №: 215    Мутолиа карданд: 2463
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед