номаҳо
ҲАҚРО БА ҲАҚДОР БИРАСОНЕД
27 соли охир мо бо ҳамдеҳаамон Ғоиб Бобохонов бо истифода аз саҳми заминамон ҳосили ғалладона мегирифтем. Ин баҳор чун солҳои қаблӣ хостем, ки дар он кишт гузаронем. Ҳамсояамон Исо Шарифов омада, гуфт: « Аз ин заминҳо ман хоҷагии деҳқонӣ ташкил кардам. Пештар он аз шумо буд, акнун нест».
Маълум гардид, ки ҳанӯз соли 2014 дар мувофиқа бо масъулон саҳмҳои заминдорони дигарро низ ҳуҷҷат карда мегирад. Аҷаб ин, ки соли 2015 сертификати заминро гирифтааст, аммо пас аз 2 сол молики замин будани худро эълон кард. Аз ин шубҳа карда, ман ба даводаву аризабозӣ машғул шудам.
Хуллас, кор то суд расид. Судяи ноҳияи Муъминобод А. Алимзода дар мурофиаи судӣ ҳалномаро ба нафъи мо хонд. Вале фардои он рӯз, ки барои гирифтани нусхаи ҳукм омадем, дар он масъала ба нафъи мо ҳал нашуда буд. Аз он ки кор дар як шабонарӯз ранги дигар гирифт, дар тааҷҷубу ҳайронем.
Зарур шумурдам, ки ин бор ба гӯшаи «Шаҳрванд» - и «Ҷумҳурият» муроҷиат намоям. Албатта, ба ин умед, ки пас аз он масъулон ҳақро ба ҳақдор мерасонанд.
Муҳаммадталаб НАЗРУЛЛОЕВ,
сокини деҳаи Шаймирӣ, Ҷамоати деҳоти Боғгаӣ, ноҳияи Муъминобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.10.2017 №: 216 Мутолиа карданд: 2301