logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТҲОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВАЗИРОНИ КИШВАРҲОИ ХОРИҶӢ

16 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини давлати Фаластин доктор Риёз ал -  Маликиро ба ҳузур пазируфтанд.

Тавре таъкид гардид, дар Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳо бо давлати дӯсти Фаластин таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда мешавад ва дар роҳи тақвияти муносибатҳои байнидавлатӣ бояд дар якҷоягӣ талошҳо ба харҷ дода шаванд.
Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини давлати Фаластин ба нақш ва мақоми Тоҷикистон дар ҳалли масоили минтақавию ҷаҳонӣ баҳои баланд дода, омодагию ҳавасмандии кишварашро барои тақвияти бештари ҳамгироӣ бо Тоҷикистон таъкид намуд.
Ҷонибҳо пайваста гузарондани машваратҳои сиёсӣ, истифодаи имконоти робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ, ташкили муколамаи мустақими доираи соҳибкорию тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои молу маҳсулотро дар кишварҳои ҳамдигар тадбири муҳими тақвиятдиҳандаи муносибатҳои байнидавлатӣ арзёбӣ намуданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияту субот дар минтақа, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ баррасӣ шуданд.

16 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб Султон ибни Саид ал - Мансуриро ба ҳузур пазируфтанд.

Амороти Муттаҳидаи Араб шарики муҳим ва боэътимоди Тоҷикистон дар Осиё ва соли 2017 ҳамчун соли рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб арзёбӣ карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати АМА барои дастгирӣ ва кумакҳои беғаразона, ҷиҳати бартарафсозии офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, арзи сипос намуданд ва ҳавасмандии Тоҷикистонро баҳри рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ таъкид доштанд.
Доир ба фаъолсозии нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, Бунёди муштараки сармоягузорӣ ва Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону АМА, ҳамчунин, ифтитоҳи намояндагии яке аз бонкҳои тиҷоратии Аморот дар Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуданд.
Ҳавасмандии ҷонибҳо ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, боркашонӣ – логистикӣ ва сайёҳию инфрасохтори он таъкид гардид.
Дар мулоқот, ҳамзамон, дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ шуданд.


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Низор Маданиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз таҳкиму густариш ёфтани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ имконият доранд, ки ҳамкории ҳамаҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, зерсохторҳои нақлиётию энергетикӣ, аз ҷумла дар татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва маориф ба роҳ монда, нақши Комиссияи байниҳукуматии муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникиро дар татбиқи ин ҳадафҳо фаъолтар гардонанд.
Ба фаъолияти Маркази Шоҳ Салмон оид ба кумакҳои башардӯстона дар Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд ва таъкид гардид, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи фаъолияти ин марказ дар бахши татбиқи лоиҳаҳои муҳими роҳу нақлиёт, иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Тоҷикистон, таҷдиди Маркази таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ боз ҳам тақвият дода мешаванд.
Ҷонибҳо дар мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба амнияту суботи минтақавию ҷаҳонӣ, хусусан тақвияти ҳамдастӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосирро баррасӣ намуданд.


Дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф мулоқот намуданд.

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои қитъаи Африқо дар соҳаҳои гуногун дорои дурнамои нек арзёбӣ гардид ва дар ин росто ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои комили дуҷониба бо тамоми кишварҳои ин минтақа таъкид карда шуд.
Ҷонибҳо барои роҳандозии робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангии байнидавлатӣ ва тамосҳои корӣ байни мақомоти амниятии ду давлат фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.
Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро ба татбиқи иқдомҳое, ки барои таъмини рушди устувори минтақаҳо ва ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла иқдомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълону татбиқи чорабиниҳои даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” ва дарёфти роҳи осоиштаю мусолиҳатомез ҳал намудани низоъҳо дар минтақа ва ҷаҳон равона шудаанд, таъкид намуданд.
Дар мулоқот, ҳамзамон, масъалаҳои фарогири таъмини амнияту субот ва мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуби аср мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   вазири ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, рушд ва банақшагирӣ ва вазири давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодии давлати Кувайт Ҳинд Ас - Сабиҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат равобити неки Тоҷикистон ва Кувайтро нишони таваҷҷуҳи хоссаи сарони ду кишвари дӯст арзёбӣ карда, изҳори умедворӣ намуданд, ки муносибатҳои байнидавлатӣ дар оянда низ рушду тавсеаи бештар меёбанд.
Таъкид гардид, ки барои ба сатҳи баланд расондани ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Кувайт дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузории лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ, технология, гидроэнергетика, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли металлҳои ранга, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тавлиди молҳои саноатии мавриди ниёзи мардум ва сайёҳӣ имконият ва шароитҳои созгор муҳайё мебошанд.
Табодули мунтазами боздидҳо ва тамосҳои доимӣ дар сатҳи баланду олӣ омили муҳими таҳкимбахши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Кувайт арзёбӣ гардид.
Мусоҳибон доир ба масоили таъмини амнияту бехатарӣ дар минтақа, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва ба ин васила таъмини ҳаёти осоиштаи мардумони сайёра табодули афкор намуданд.

Дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Исилку валади Аҳмад Изидбеҳро, ки кишварашро дар иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон роҳбарӣ дошт, ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қитъаи Африқоро самти дорои дурнамои нек барои ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун арзёбӣ карданд ва омодагии Тоҷикистонро барои рушду тавсеаи робитаҳои дуҷониба бо кишварҳои он, бахусус бо Ҷумҳурии Исломии Мавритания, изҳор доштанд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дипломатии байни кишварҳо ва тарҳрезӣ намудани рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитариро баррасӣ карданд. 
Зимни баррасии ҳамкорӣ ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои  махсуси он, ҷонибдории иқдомҳои ҳамдигар, ки барои таъмини рушди устувори минтақаҳо ва ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрӯза равона шудаанд, махсус таъкид карда шуд. Ҷумҳурии Исломии Мавритания дар қатори дигар кишварҳо ташаббуси Тоҷикистонро дар хусуси қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” фаъолона пуштибонӣ намудааст.
Дар мулоқот дигар мавзӯъҳои муҳими барои рушду густариши муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.


Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии давлати Қатар Султон ибни Саъд ал - Мурайхӣ, ки дар ҳошияи иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид, маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳо ва ҳамкорӣ миёни ду кишвари дӯст - Тоҷикистону Қатар, ки дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои мутақобилан судманд густариш меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот иштироки сармояи Қатар дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқро аз самтҳои судовари ҳамкорӣ маънидод карданд.
Баҳри расидан ба ҳадафҳои аз ин ҳам манфиатовар ҷиҳати дастгирии соҳибкории хурду миёна таъсис додани Фонди рушди қатарӣ дар Тоҷикистон ва ташкили ширкати муштараки машваратии инвеститсионӣ зарур шумурда шуд.
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни бахшҳои хусусии ду кишвар, дар соҳаи коркарди маъданҳои кӯҳӣ, роҳандозии хатсайри ҳавоии мустақим байни Душанбеву Давҳа ва рушди соҳаи туризм аз самтҳои дигару муҳими ҳамкории оянда маънидод карда шуд.


Дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Судон Ҳомид Муҳаммад Ан - Нур Мумтозро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, масъалаҳои вобаста ба густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Судон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
- Барпо намудани робитаҳои мустаҳками дуҷониба бо кишварҳои арабии қитъаи Африқо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳим дорад, - таъкид доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки мо омодаем ҳамкориро бо Ҷумҳурии Судон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба сатҳи сифатан нав барорем.
Ҷонибҳо баҳри таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратию сармоягузорӣ омодагии худро иброз доштанд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои муборизаи муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дарёфти роҳҳои ҳалли мусолиҳатомези муноқишаҳои кишварҳои ҷангзадаи олам, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2017    №: 216    Мутолиа карданд: 2490
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед