ҳуқуқ
ФОРУМИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД
Иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи форум баёнгари омодагӣ ва рағбати Тоҷикистон ҷиҳати густариши бештари робитаҳои мутақобилан судманд мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври рӯшану возеҳ роҷеъ ба зарурати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ташвиқи сармоягузориҳои мутақобилан судманд, татбиқи лоиҳаҳои муштарак сухан ронда, таъкид карданд, ки ҳамкориҳои воқеӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ омили ягонаи ҳалли мушкилиҳои на танҳо кишварҳои алоҳида, балки тамоми минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Ин нуктаро Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 октябр, дар нишасти матбуотии вазорат оид ба натиҷаҳои иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баён намуд. Вазири корҳои хориҷӣ иброз дошт, ки таъсиси форум ташаббуси Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи собиқи Арабистони Саудӣ шодравон Абдуллоҳ ибни Абдулазиз оли Сауд буд.
Иҷлосияи якуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, иқтисод ва молия зери шиори «Дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва мубодилаи тиҷоратӣ», 14 майи соли 2014, дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доир шуд. Кишварҳои ширкаткунанда масъалаҳои гуногуни ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратиро баррасӣ намуда, Эъломияи Риёзро ҳамчун санади ниҳоӣ қабул карданд. Гузашта аз ин, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба имзо расид, ки ин санадҳо ба рушди ҳамкориҳои дарозмуддату мутақобилан судманди байни кишварҳо заминаи воқеӣ гузоштанд.
Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии кишвар, мақсади асосии форуми дуюм ройзаниҳои сиёсӣ ва баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву илмӣ мебошад. Чорчӯбаи форум имкон медиҳад, ки кишварҳои олами арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон масъалаҳои истифодаи тамоми имкониятҳои мавҷудаи минтақаро, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, коркарди нафту газ, гардишгарӣ, илму фарҳанг баррасӣ ва лоиҳаҳои муштаракро татбиқ намоянд.
Дар ҳамоиш ба ташаббуси Тоҷикистон доир ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028 баҳои баланд дода шуд. Ҳозирин ба мувофиқа расиданд, ки ҳамоиши байналмилалӣ оид ба масъалаҳои энергетика, муҳити зист ва иқтисодиёти сабз дар яке аз кишварҳои арабӣ баргузор шавад.
Сироҷиддин Аслов зикр намуд, ки ҳарчанд форум бештар ҷанбаи иқтисодӣ дошт, таҳлил ва баррасии масъалаҳои муҳими сиёсӣ ва амниятӣ яке аз мавзӯъҳои меҳварии ҳамоиш буд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.10.2017 №: 217 Мутолиа карданд: 1784