ҳуқуқ
ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ ҲУҚУҚӢ
Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён рӯзи 17 октябр дар шаҳри Душанбе бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Сауд ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб мулоқот кард. Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мубодилаи афкор намуданд.
Шермуҳаммад Шоҳиён аз нахустин имкони дидор бо меҳмони олиқадр Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Сауд ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб ва ҳамроҳони ӯ изҳори хушҳолӣ карда, баён дошт, ки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ имконияти хеле зиёд доранд, то дар соҳаи амниятиву мудофиавӣ, аз ҷумла мусоидат ба таъмини амнияту субот дар Тоҷикистон, мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ба монанди терроризму экстремизми байналмилалӣ ҳамкории судманд ба роҳ монанд. Ҳамзамон, ҷонибҳо аз маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба пойдории волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва рафти таъмини иҷрои барномаҳои ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди дуҷонибаи ҳамкориҳои мутақобилаи судҳо ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати расондани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ, супурдани шахсони гунаҳгор барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва иҷрои ҳукмҳо табодули афкор намуданд.
Зимни гуфтугӯи судманд ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеаи бештари яҳамкории дуҷонибаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, мубодилаи амалияи судӣ ва расондани ёрии ҳуқуқӣ иброз дош- та, изҳори боварӣ намуданд, ки якдигарфаҳмӣ миёни ҳокимияти судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду давлат ба ташаккули дурнамои муносибатҳои дӯстона манфиатбахш мебошад.
Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.10.2017 №: 218 Мутолиа карданд: 1880