ҳуқуқ
ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ
Шаҳрванд С. Т., сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки аз соли 2011 ҳамчун роҳбари ҶДММ «Файзимоҳ» фаъолият дошт ва шариконаш мувофиқи маслиҳати пешакӣ ба воситаи мошинҳои боркаши «Дулан» (52 26 ВА 01, 28 43 ВХ 01, 61 87 ВС 01) аз Ҷумҳурии Мардумии Чин таҷҳизоти техникӣ, либос, ашёи хона ва дигар молҳои мавриди ниёзи мардумро бе расмиёти гумрукӣ, яъне тариқи қочоқ ба кишвар ворид намуда, аз ҷониби кормандони раёсати мубориза бо қонуншиканиҳои гумрукии Хадамоти гумрук боздошт шуданд.
Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумрук ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, арзиши моли тариқи қочоқ вориднамудаи С. Т. ва ҳамроҳонаш 1632754 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбат ба амали мазкур бо қисми 2 - и моддаи 289 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
* * *
Гумрук дарвозаи мамлакат аст ва чӣ қадар ворид ё берун шудани мол бояд ҳамеша таҳти назорат бошад. Бе барасмиятдарорӣ ва пардохти боҷи гумрукӣ ба кишвар ворид намудани мол ба танзиму банақшагирии иқтисодиёт ва Буҷети давлат зиёни ҷиддӣ мерасонад. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати кишвар, танҳо дар 9 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони хадамот 3274 ҳолати қонуншикании гумрукӣ ошкор карда шудааст, ки қочоқи молу воситаҳои нақлиёт қисми таркибии онҳо мебошад.
Пас аз баррасии 3203 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2832 шахси воқеию ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, аз онҳо ба фоидаи Буҷети давлат ба маблағи 2 миллиону 980 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима ситонда шуд. Инчунин, ба маблағи 2386,2 ҳазор сомонӣ мол мусодира ва дар натиҷаи гузарондани тадбирҳои иловагию фаҳмондадиҳӣ ба андозаи 19250,5 ҳазор сомонӣ пардохти гумрукӣ ба Буҷети давлат ворид гардид.
Шуъбаи иқтисоди «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.10.2017 №: 219 Мутолиа карданд: 1886