ҳуқуқ
НОРАК. ЯК ИҚДОМИ МУҲИМ
Дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Ғамхорӣ» маркази будубоши рӯзонаи таълимӣ - солимгардонии «Меҳрбахш» таъсис ёфт, ки ба кӯдакони нуқсонҳои забонӣ ва гуфторидошта таълими ибтидоӣ медиҳад.
Бино ба иттилои Анзурат Сиддиқова, котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, ин иқдом бо мақсади ба таълим фаро гирифтани кӯдакони нуқсони ҷисмонидошта рӯи даст гирифта шудааст. То имрӯз се нафар ноболиғе, ки шароити зиндагиашон дар оила барои таълиму тарбияи дурусти онҳо мусоидат намекард, ба мактаб - парваришгоҳҳои ҷумҳурӣ фиристода шуданд. Дар филиали рақами 08 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Норак бошад, барои 14 ятим суратҳисоб кушода шуд.
Ба иттилои манбаъ, Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар шуъбаи маориф ва ҷамоатҳои деҳот ҳаштод комиссияи ҷамъиятӣ ташкил намудааст. Аъзои комиссия якҷо бо нозирони минтақавӣ дар муассисаҳои таълимӣ, кӯчаю бозорҳо ва нуқтаҳои бозиҳои компютерӣ рейдҳои муштарак гузаронда истодаанд. Инчунин, комиссия гурӯҳҳои ҷамъиятии «Дастаҳои ихтиёрии хонандагон», «Ёрдамчиёни ҷавони милитсия» - ро таъсис додааст.
Ба гуфтаи Анзурат Сиддиқова, дар нуҳ моҳи соли равон аз тарафи ноболиғон ду ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта аз тарафи 11 ноболиғ 14 ҷиноят содир шуда буд. Барои риоя нашудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбат ба 49 нафар волидон бо дастрасии моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суди шаҳр ирсол гардид.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.10.2017 №: 219 Мутолиа карданд: 1939