ҳуқуқ
ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД
Сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар ноҳияи Рашт муташаккилона ҷараён дошта, теъдоди онҳое, ки ихтиёрӣ барои хизмати ҳарбӣ ба артиш мепайванданд, сол ба сол меафзояд.
Ин далелро маъракаи ботантанаи гусели ҷавонон ба Артиши миллӣ, ки чанд рӯз қабл дар комиссариати ҳарбии ноҳия баргузор гардид, тақвият бахшид. Бино ба иттилои Раҳимҷон Набиев, раиси комиссияи ноҳиявӣ оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ахиран 65 нафар ҷавони бонангу номус ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, бо навиштани ариза омодагии худро ба хизмати Ватан - Модар изҳор доштанд. Дар ҳамин ҳол, 40 нафар пеш аз гусел ба хидмати ҳарбӣ курси ронандагиро хатм намуданд.
Қаноатшо Лоиқзода, раиси ноҳияи Рашт, дар маросими тантанавии гусели наваскарон аз рағбати ҷавонони ноҳия ба хизматӣ ҳарбӣ истиқбол намуда, хизмати ҳарбиро мактаби ҷавонмардӣ ва қарзи шаҳрвандӣ унвон кард. Раиси ноҳия дар хитоб ба ҷавонони даъватшуда, изҳор дошт, ки пайвастан ба Артиши миллӣ дар Соли ҷавонон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст, боиси ифтихору сарфарозӣ хоҳад буд.
Тибқи дастури раиси ноҳия дар ҳар маросими гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангию ватанпарастӣ ташкил гардида, ҳамчунин, даъватшудагон бо сарулибоси варзишӣ таъмин мешаванд.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.10.2017 №: 219 Мутолиа карданд: 2042