ҳуқуқ
ҶИНОЯТ. ИШТИРОКИ НОБОЛИҒОН ДАР ОН КОҲИШ ЁФТААСТ
Дар нуҳ моҳи соли равон аз тарафи ноболиғон 493 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 12,7 дарсад кам мебошад.
Файзиддин Назаров, сардори шуъбаи ноболиғони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, бо зикри ин матлаб иброз дошт, ки бо мақсади амалӣ намудани талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамдастӣ бо Вазорати маориф ва илми мамлакат аз ҷониби масъулони воҳидҳои кор бо ноболиғони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ 8896 рейди муштарак гузаронда шуд. Дар натиҷа 493 ҷиноят ошкор ва сабт гардид. Маълум гашт, ки аз ҷумлаи шахсони ҷиноятсодиркарда 70 нафарашро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 436 нафарро ноболиғоне ташкил медиҳанд, ки ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд.
Мутаассифона, дар ин раванд маҳз аз бемасъулиятии падару модарон фарзандони онҳо даст ба ҷиноят задаанд. Чунончи дар ин давра 834 ҷиноят, аз ҷумла 126 ҷинояти монеъ шудан ба гирифтани таълими ҳатмии умумӣ, 8 ҳолати ҷалби ноболиғ ба содир намудани ҷиноят, 21 ҷинояти ба шавҳар додани духтарони ноболиғ, 20 ҷинояти бастани ақди никоҳ бо шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст, содир шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 24 ҳолат ё 2,9 дарсад зиёд мебошад.
Вобаста ба ин, дар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба падару модарон ва масъулони муассисаҳои таълимии мамлакат 13594 протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол шудааст. Дар ин раванд нисбат ба онҳое, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд, ба маблағи 1170870 сомонӣ ҷарима таъйин гардидааст.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.10.2017 №: 219 Мутолиа карданд: 2231