logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲО

20 октябр миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷум-ҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Шавкат Миромонович!
 Дар иртибот ба рӯйдоди шоистаи таърихӣ – биступанҷумин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо камоли масаррат ба Шумо табрикоти самимии худро ирсол медорам.
Ӯзбекистони дӯст аз аввалинҳо шуда робитаҳои дипломатиашро бо Тоҷикистон дар давраи мураккабу печидаи ташаккул ёфтани кишвари мо ба ҳайси давлати соҳибихтиёр ба роҳ монд. Мо муносибатҳои имрӯзаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории миёни кишварҳо ва мардумонамонро арзишманд медонем.
Бо изҳори қаноатмандӣ раванди мусбати мутобиқ ба тақозои замон рушд ёфтани ҳамкориҳои ду кишварро тайи вақтҳои ахир таъкид карданиам. Қобили таҳсин аст, ки ин соли ҷашнӣ бо сурат пазируфтани як силсила чорабиниҳои дуҷонибаи муҳим дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла намоишгоҳҳои тиҷоративу саноатӣ ва рӯзҳои фарҳангӣ, ки ба тавсеаи миқёси робитаҳои мутақобилаи мо такон бахшиданд, таҷлил мегардад.
Итминон дорам, ки Шумо дар оянда низ аз тамоми иқдомот ҷиҳати бо намунаҳои нави созанда афзун ва ғанӣ гардондани муносибатҳои гуногунҷанбаи мо, ки решаҳои амиқи таърихӣ доранд, ҷонибдорӣ хоҳед кард. Мо аз ҷониби худ барои мунтазам тақвият бахшидан ба ҳамдастию ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ҷавобгӯи манфиатҳои аслии ду халқи ба ҳам бародар мебошанд, тамоми кӯшишҳои заруриро ба харҷ хоҳем дод.
Бо истифода аз фурсате, ки ин рӯйдоди нек фароҳам овардааст, ба Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, сиҳатии комил, саодатмандӣ ва дар фаъолияти пурсамаратон дастовардҳои навин ва ба мардуми бародари Ӯзбекистон рифоҳ, сулҳу амонӣ ва шукуфоӣ орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи мардуми сермиллати Ӯзбекистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва мардуми бародари Тоҷикистонро бо санаи муҳим – 25-солагии рӯзи барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳоямон самимона табрик менамоям.
Бо қаноатмандӣ мехоҳам зикр намоям, ки дар тӯли давраи таърихии кӯтоҳ ба мо муяссар гардид, ки дар рушди ҳамаҷонибаи ҳамкории дуҷониба ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем. Муносибатҳои наздик ва созанда, ки бар асоси принсипҳои қавии анъанаҳои неки ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтаанд, ба роҳ монда шуданд.
Бо самимияти хос вохӯриҳо ва суҳбатҳои пурмуҳтавои чанде пешамонро, ки натиҷаи онҳо ба густариши ҳамаҷонибаи ҳамгироии амалии Ӯзбекистону Тоҷикистон такони ҷиддӣ доданд, ёд мекунам.
Имрӯз ҳаҷми табодули мол батадриҷ меафзояд ва миқёси ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт густариш меёбад. Намоишгоҳҳо ва форумҳои тиҷоратии муштарак, ки ба барқарорсозии робитаҳои дарозмуддати шарикии корхонаҳои пешсаф ва доираҳои тиҷоратии ду кишвар мусоидат карданд, муваффақона гузаронда шуданд.
Бо талошҳои муштарак хатсайрҳои ҳавоии мустақим, ки пойтахти ҳар ду давлатро мепайванданд, барқарор карда шуданд. Бо қаноатмандии амиқ мехоҳам табодули фаъолонаи фарҳангӣ ва гуманитариро зикр намоям. Мардумонамон Рӯзҳои фарҳангии баргузоргардидаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шавқи бузург пазируфтанд. Ҳамкории рушдёбандаи судманд ва дастгирии мутақобилаи минтақаҳои наздисарҳадии ду давлат ба ҳамгироӣ заминаи мусбат медиҳанд.
Махсус таъкид менамоям, ки мо дар Ӯзбекистон ба тақвияти бештар бахшидани шарикии амалии дуҷониба дар ҳамаи соҳаҳо ҳавасманд буда, омодаем ба муносибатҳоямон хусусияти комилан нав диҳем ва онҳоро бо мазмуни амалан мушаххас комил гардонем.
Мутмаинам, ки ҳамкории Ӯзбекистону Тоҷикистон минбаъд низ дар рӯҳияи Созишнома оид ба дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати мардумонамон густаришу таҳким меёбад ва ба хотири таъмини субот, амният ва рушди устувор дар минтақа хизмат мекунад.
Аз самими қалб ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи азиз, саломатии қавӣ, нерумандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон ҳама гуна комёбиҳо, инчунин, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳ, некуаҳволӣ ва шукуфоӣ таманно дорам!»

21 октябр миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва  Президенти  Ҷумҳурии  Арманистон Серж Саргсян ба муносибати 25 - умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Серж Азатович!
Санаи ҷашнии биступанҷумин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон бароям фурсати муносибе фароҳам овардааст, ки ба Шумо табрикоти самимии худро бифиристам.
Бо изҳори қаноатмандӣ мехоҳам таъкид намоям, ки тайи ин давра муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва Арманистон чи дар қолаби дуҷониба ва чи дар асоси бисёрҷониба рушду тавсеаи рӯзафзун ёфта, мазмуну муҳтавои нави амалиро касб кардаанд.
Мо сатҳи имрӯзаи ҳамёрии кишварҳоямонро баланд арзёбӣ менамоем ва азм дорем, ки онро дар ҳама арсаҳои манфиатҳои муштарак минбаъд низ густариш диҳем.
Бо истифода аз фурсати фараҳбахш мехоҳам изҳори умед намоям, ки ба хотири таъмини манфиатҳои аслии мардумонамон ва шукуфоии кишварҳоямон мо бо сайю талошҳои ҳар ду ҷониб муносибатҳои Тоҷикистону Арманистонро ба зинаҳои сифатан нави рушд боло хоҳем бурд.
Муҳтарам Серж Азатович, таманниёти неки моро бо дархости сиҳатмандии комили Шумо, комгорӣ дар фаъолиятатон ва сулҳу рифоҳу шукуфоӣ барои мардуми дӯсти Арманистон қабул фармоед».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Табрикоти самимии маро ба муносибати санаи барои кишварҳоямон ва мардумонамон муҳим – 25 - умин солгарди барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Арманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Дар зарфи чоряк аср бо талошҳои муштарак дар рушди муносибатҳои байнидавлатии Арманистону Тоҷикистон, ки бар асоси анъанаҳои дӯстӣ ва эҳтироми мутақобилаи мардумони кишварҳоямон асос ёфтаанд, натиҷаҳои муҳим ба даст омаданд. Тасдиқи ин хусусияти манфиатдори муколамаи сиёсӣ, ҳамоҳангии зич дар доираи СММ, САҲА, СААД ва дигар шаклҳои бисёрҷониба, заминаи қарордодию ҳуқуқии мавҷуда ва ҳамгироӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва гуманитарӣ мебошанд.
Бо қаноатмандӣ зикр менамоям, ки ҳоло дар аксарияти соҳаҳои ҳамкории дуҷониба барои оянда захираи фарогир мавҷуд аст ва барои татбиқи лоиҳаҳои мушаххас, ки метавонанд ҳамкории Арманистону Тоҷикистонро ба сатҳи сифатан нав бароранд, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин замина мехоҳам муҳимияти созишҳоямонро, ки зимни сафари расмии Шумо ба Арманистон моҳи июли соли равон ба даст омада буданд, махсус зикр намоям.
Ҳамаи ин мутмаин месозад, ки ҳамкории дуҷонибаи дорои иқтидори бузург ба шарофати талошҳои муштаракамон минбаъд низ тақвият ёфта, ҳамаи соҳаҳои нави ҳамгироиро, ки, бешубҳа, ҷавобгӯи манфиати мардумони Арманистону Тоҷикистон мебошанд, фаро мегиранд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, муҳтарам ҷаноби Президент, мехоҳам ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон таманниёти беҳтарин - комёбиҳо, сулҳ ва некуаҳволиро ирсол дорам».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2017    №: 219    Мутолиа карданд: 2641
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед