ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
БАҲСИ ЧАРОГОҲ. Як нафар ҳалок ва се нафар 77 сол зиндонӣ шуд
Суди вилояти Хатлон шаҳрвандон Ф. Бадалиев, И. Бадалиев ва Ҷ. Бадалиевро бар асоси чанд моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷрим шинохта, онҳоро ба муддатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кард.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номбурдагон вобаста ба истифодаи чapoгoҳ дар мавзеи доманакӯҳҳои Қарсанбулоқи деҳаи Коммунизм, Ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ бо бародарон Наим, Раҳим, Шоназар Наибовҳо ва Т. Додарбеков вориди муноқиша мешаванд. Баъдан маҳкумшудагон дар пайи хусумати қаблии худ дар ҳамин мавзеъ Ш.Наибовро лату кӯб намуда, ба ӯ зарари вазнини ҷисмонӣ мерасонанд.
Дар идомаи амали ҷинояткоронаи худ Бадалиевҳо нақшаи куштори Т. Додарбековро, ки тахминан дар масофаи 400 метр аз онҳо қарор дошт ва ба нигоҳубини чорвои худ машғул буд, тарҳрезӣ менамоянд. Бо ин мақсад ба назди ӯ рафта, шадидан лату кӯб мекунанд, ки дар натиҷа ба ҳалокат мерасад.
Баъд аз тафтишоти пешакӣ, ки аз ҷониби прокуратураи вилоят анҷом ёфт, парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ин ҳодиса ба суд ирсол гардида, бо ҳукми коллегияи судии вилояти Хатлон, Ф. Бадалиев ба муҳлати 27 сол, И. Бадалиев ва Ҷ. Бадалиев ба муҳлати 25 солӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд.
ПОРА декани факултетро ба курсии айбдорӣ шинонд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Ҳабибулло Салимов, декани факултети омодагии дифои ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимовро баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол намуд.
Бино ба иттилои сомонаи агентӣ, Ҳабибулло Салимов ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 5000 сомонӣ аз шаҳрванд «А» дар шаҳри Душанбе боздошт шудааст. Номбурда ин маблағро барои дохил намудани як шиноси ин шаҳрванд ба гурӯҳи буҷетии коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ талаб намуда, зимни боздошт маблағи 5000 сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.10.2017 №: 220 Мутолиа карданд: 2152