ҳуқуқ
ПУРСИШ ва ПОСУХ
Ба саволҳо Ғуфрон БОЙМАТОВ, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳод ТОИРОВ, менеҷери департаменти муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон ва Мунира АЙДАРМАМАДОВА, ҳуқуқшиноси калони Бюрои давлатии ҳуқуқии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Дар як корхонаи ғайридавлатӣ фаъолияти меҳнатӣ дорам. Айни замон ҳомиладор мебошам. Роҳбари корхона тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои наздик маро якҷо бо дигар кормандон ба сафари хидматии 5 - рӯза фиристад. Оё инро қонунгузорӣ иҷозат медиҳад?
Т. Собирова, сокини шаҳри Хуҷанд
- Қонунгузории амалкунандаи меҳнат ба сафари хидматӣ фиристодани занҳои ҳомила ва занҳое, ки тифли то сесола доранд, иҷозат намедиҳад. Аз ин рӯ, роҳбари корхона ҳуқуқ надорад, ки шуморо ба сафари хидматӣ фиристад.
* * *
- Дар қонунгузории кишвар барои саркашӣ аз пардохти алимент чӣ гуна ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст?
С. Мавлонов, сокини шаҳри Кӯлоб
- Дар асоси моддаҳои 177 - 178 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба онҳое, ки аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд, ҷавобгарӣ дар шакли корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум кардан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат таъйин мегардад. Дар вақти таъйини корҳои ислоҳӣ аз музди меҳнати маҳкумшуда аз 10 то 30 фоиз ба манфиати давлат ситонда мешавад.
* * *
- Меросро ба воситаи намоянда қабул кардан мумкин аст?
М. Абдулхолиқова, сокини ноҳияи Шуғнон
- Мумкин аст, ба шарте ки ариза дар бораи қабул кардани мерос аз рӯи ваколатномаи намояндаи ворис (меросхӯр) пешниҳод ва дар он ваколати қабули мерос пешбинӣ гардида бошад. Инчунин, нотариуси давлатӣ дар асоси ваколатнома шаҳодатномаи ҳуқуқ ба меросро ба намоянда дар асоси ваколатномае, ки дар он гирифтани шаҳодатнома пешбинӣ гардидааст, дода метавонад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.10.2017 №: 220 Мутолиа карданд: 2031