порлумон
ТАҒЙИРУ ИЛОВА. ДАСТРАСӢ БА ҚАРЗ ОСОН МЕШАВАД!
Бо мақсади ба роҳ мондани низоми самараноки баҳисобгирии таърихи қарз, кам намудани арзиши қарз ва хавфи он, пешниҳоди қарз ба доираи нисбатан зиёди аҳолӣ, рушди қарзҳои истеъмолӣ ва ипотекӣ, инчунин, қарздиҳӣ ба соҳибкорони хурд, дар маҷмӯъ барои васеъ намудани имконияти қарздиҳии ташкилотҳои қарзӣ ба табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» баррасӣ ва тасвиб гардид.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, зимни ташреҳи лоиҳа иброз дошт, ки мутобиқи қонуни амалкунанда таъминкунандаи иттилоот, аз ҷумла ташкилоти қарзӣ маълумотро ба Бюрои таърихи қарз бо розигии пешакии субъекти таърихи қарз (қарзгирандагон) пешниҳод менамояд. Дар давоми амали қонуни мазкур таҷриба нишон дод, ки ба Бюрои таърихи қарз дар асоси розигии пешакии қарзгиранда пешниҳод намудани маълумот дар бораи ӯ монеаи ҷиддӣ буда, боиси амалӣ нагаштани қонун ва таъмин нагардидани шаффофияти бозори қарзҳои бонкӣ мебошад. Бинобар сабаби ҳатмӣ будани чунин розигии пешакӣ, маълумот нисбат ба ҳамаи қарзҳои бонкӣ ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод намегардад. Дар натиҷа, низоми мукаммали ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи таърихи қарз ташаккул ва амалӣ нагашта, бинобар набудани маълумот дар бораи ҳамаи қарздорон теъдоди қарзҳои мушкилситон дар низоми бонкӣ зиёд шудааст. Тағйиру иловаҳое, ки ба қонуни мазкур пешниҳод шудаанд, ба ташаккулёбии манбаи маълумот дар бораи ҳамаи қарзгирандагон ва қарздорони низоми бонкӣ мусоидат менамояд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.10.2017 №: 221 Мутолиа карданд: 3369