номаҳо
МУКОФОТИ "ИНТЕЛЛЕКТ" - РО ГИРИФТАМ
Ман, ки як тан аз мухлисони рӯзномаи «Ҷумҳурият» мебошам, ҳар шумораи онро бесаброна интизор мешавам. Муҳаббати маро ба ин рӯзнома саҳифаи «Шоми шанбе» боз бештар аз пештар афзуд. Матлабҳои он дар назар хурд менамоянд. Дар асл ҳар кадом як ҷаҳон маъниро дар бар мегиранд. Бар замми ин, бисёр ҷолибанд. Маълумоти зиёд медиҳанд.
Ғайри интизори мо чанд муддат аст, ки дар ин саҳифа зери рубрикаи «Интеллект» муаммоҳо ба табъ мерасанд. Муаммоҳо одӣ нестанд. Ҳаллашон дониш ва зиракиро хостор аст. Инчунин, касро вомедорад, ки ба бисёр сарчашмаҳо рӯ биёрад. Дар ҳақиқат, ба ин васила андеша таҳрик меёбад. Ба ҷуз ин ҳама, диққати моро ин навиштаҳо бештар ҷалб намуд: «Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад».
Ба ман мегуфтанд, ки ба чунин навиштаҳо, ҳеҷ бовар накунам. Чунон гуфтанду гуфтанд, ки ба он бовар ҳосил намудам. Аммо аз чанги муаммоҳои ҷолиб ҳеҷ раҳида натавонистам. Мехостам барои машқи тафаккур онҳоро ҳал бикунаму ба хотири санҷиши дурусташон ҷавобҳоро бигӯям.
Чанд рӯз пеш аз идораи рӯзнома тариқи телефон занг заданд ва гуфтанд, ки чун иштирокчии фаъол бо ҷавобҳои дуруст соҳиби мукофоти пулӣ гардидаам. Ба ман пули муқарраргардида, яъне 300 сомониро доданд. Ба ин восита ба масъули рубрика ва дигар кормандони «Ҷумҳурият» шинос шудам. Шукр мекунам ва ба аҳли эҷоди рӯзнома изҳори сипос менамоям. «Интеллект» як иқдоми хуби ҷалби хонандагони сершумори ин рӯзнома ба донишафзуист.
Саид КАРИМОВ, ноҳияи Файзобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.10.2017 №: 221 Мутолиа карданд: 2438