logo

энергетика

ЭНЕРГЕТИКА. ТАТБИҚИ СТАНДАРТИ ҶАҲОНИИ ОМӮЗИШ

Бо мақсади беҳтар намудани  сифати таҳсилоти касбӣ - техникӣ ва мувофиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ омода намудани мутахассисони баландихтисос дар Тоҷикистон бо маблағи 34 миллион доллари ИМА лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ - техникӣ ва омӯзиш» татбиқ мегардад. Дар заминаи он дар соҳаи энергетикаи кишвар, хусусан дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар, стандарти ҷаҳонии омӯзиш ба роҳ монда мешавад.
Ин нуктаро  Эмин Сангинзода, муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, зимни муаррифии лоиҳа ба рӯзноманигорон иброз дошт.
Аз ҳаҷми умумии маблағи барои амалишавии лоиҳа ҷудошуда 2 миллион доллар саҳми Ҳукумати ҷумҳурӣ ва боқимонда қарзҳои бебозгашт ва имтиёзноки Бонки осиёии рушд ва Хазинаи энергияи тоза мебошад. Омода  намудани мутахассисони соҳаи энергияи сабз, методологияи таълим, барқарорсозии заминаҳои моддӣ - техникӣ,  роҳандозии омӯзиши босифат ва мукаммал намудани  сохтори таълимӣ аз ҳадафҳои асосии амалисозии лоиҳа маҳсуб меёбанд. Муҳлати амалисозии лоиҳа 5 солро дар бар мегирад.
- Қаблан  мутахассисони сатҳи миёнаи техникӣ дар заминаи омӯзишгоҳҳои касбӣ - техникӣ омода карда мешуданд, вале бо мурури замон заминаҳои моддии омӯзишгоҳҳои мазкур заиф гашта,  имкониятҳои техникии онҳо ба талаботи бозори меҳнат номувофиқ шуданд. Дар доираи амалишавии лоиҳа заминаҳои моддӣ - техникии 21 литсейи касбӣ, 7 маркази таълими калонсолон ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар пурра барқарор шуда, барои омода намудани мутахассисон аз рӯи 17 ихтисоси ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешаванд.  Дар натиҷаи дуруст ба роҳ монда шудани корҳо  беш аз 3 ҳазор нафар дар таълимгоҳҳои соҳавӣ таҳсил менамояд. Марҳилаи  нахустини амалишавии лоиҳа дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба охир расид. Устодони донишкада дар доираи лоиҳа дар кишварҳои Чин, Туркия, Федератсияи Русия курсҳои такмили ихтисосро гузаштанд, - гуфт Файзулло Зувайдуллоев, муовини ректори донишкада. Бино ба маълумоти мавсуф дар асоси амалишавии лоиҳа  пойгоҳи моддӣ - техникии таълимӣ ва  таҷҳизоти озмоишгоҳҳои донишкада пурра такмил дода шуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба  муҷаҳҳаз гардондани синфхона ва  озмоишгоҳҳо дар кишвар соли 2015 маркази инноватсионӣ ва парки технологии донишкада бо маҷмӯи таҷҳизоти зарурӣ  таъмин гардид.
Дар озмоишгоҳҳои донишкада 46 номгӯй таҷҳизоти озмоишии истеҳсоли Русия мавриди истифода қарор дорад. Ҳамасола дар асоси шартнома донишҷӯён ва хатмкунандагони донишкада аз рӯйи  ихтисос дар ташкилоту корхонаҳои саноатӣ ва неругоҳҳои барқӣ таҷриба меомӯзанд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2017    №: 221    Мутолиа карданд: 17505
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед