logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ТАКЕХИКО НАКАО

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон президенти Бонки осиёии рушд Такехико Накаоро ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки осиёии рушдро яке аз шарикони боэътимод ва стратегии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки аз соли 1998 то имрӯз ҳаҷми маблағгузории ин бонк ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвари мо қариб 1,6 миллиард доллари ИМА - ро ташкил медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии молиявии Бонки осиёии рушд дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаҳои маориф, энергетика, нақлиёт, гумрук, обёрӣ, пешгирии офатҳои табиӣ ва маблағгузории хурд изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти бонк барои ҳамкорӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон арзи сипос карданд.
Доир ба идомаи ҳамкориҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд дар доираи татбиқи Стратегияи шарикӣ барои солҳои 2016 - 2020, Барномаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.
 Изҳори итминон шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд дар доираи ин ҳадафҳо, алалхусус дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, амнияти озуқаворӣ ва таъмини шуғл, тақвият ёфта, амалишавии барномаи шарикии Бонки осиёии рушд бо Тоҷикистон ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ мусоидат менамоянд ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт беҳтару хубтар мегарданд.
Идомаи ҳамкории дуҷониба тавассути иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи роҳу нақлиёт, таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои амалкунандаи барқи обӣ, маориф, хусусан омӯзиши касбҳои техникӣ, тандурустӣ, рушди шаҳрҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар бахшҳои афзалиятнок барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардид.
Зимни вохӯрӣ дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо низ баррасӣ гаштанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2017    №: 221    Мутолиа карданд: 2505
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед