logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

25 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ гардид.
Ҳамин тариқ, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш Назризода Саидраҳмон Рустам аз вазифаи муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, Завқизода Завқӣ Амин - муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Тибқи қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гадоиён Шокирҷон Гадо аз вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор” озод гардида, Саидзода Муҳаммадтоҳир - директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор” таъйин карда шуд.
Сипас, “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2017” ва оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018” ва Дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019 - 2020 ҳисоботи вазирони рушди иқтисод ва савдо ва молияи ҷумҳурӣ шунида шуд.
Таъкид гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ - сентябри соли ҷорӣ ба 42,4 миллиард сомонӣ ва рушди воқеии он ба 6,8 дарсад баробар гардид.
Қисми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар сатҳи 100,3 дарсад иҷро гардида, ба буҷет 14,1 миллиард сомонӣ ворид гашт. Ин нишондод нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 33,2 дарсадро ташкил дод. Дар нуҳ моҳи соли 2017 ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ба 13,9 миллиард сомонӣ баробар шуд.
Истеҳсоли неруи барқ дар давраи ҳисоботӣ 13,7 миллиард киловатт - соатро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 469,3 миллион киловатт - соат афзоиш ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки қатъи назар аз мусбат ҷамъбаст гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ захираву иқтидорҳои истифоданашуда дар ҷумҳурӣ ҳоло ҳам ба назар мерасанд.
Бинобар ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки барои расидан ба ҳадафҳо, иҷрои саривақтию босифати дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, татбиқи нақша - чорабиниҳо, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, бояд аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоянд. Зимни таҳлилу баррасиҳо иқтидори содиротии кишвар ба назар гирифта шавад. Ҷиҳати таъмини рушди воқеии иқтисодиёт ҷалби сармояи хориҷиро афзоиш дода, ҳаҷми маҳсулоти кишоварзию саноатӣ боло бурда шавад, аз хароҷоти дуюмдараҷа худдорӣ карда шуда, нақшаи қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ таъмин гардад.
Дар маҷлиси Ҳукумат лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020”, “Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2020 - 2021”, "Дар бораи омодагӣ ва амалигардонии Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор",  барои солҳои 2018 - 2028 мавриди баррасии аъзои Ҳукумат қарор гирифт.
Лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017», “Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», “Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гашт. 
Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин, чор хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ” ирсол гардид.
 Аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба лоиҳаҳои дигар қарорҳо, аз ҷумла дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2019, дар бораи дастгирии давлатии молиявии баъзе корхонаҳои энергетикии ҷумҳурӣ ва оид ба нақшаи ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Дар ҷаласа ҳисоботи раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон шунида шуд.
Ҳамчунин, дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои ободонӣ дар шаҳри Душанбе “Озмуни ҷумҳуриявии корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва сохтмони майдончаҳои варзиширо ба муносибати 26 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷамъбаст намуд.
Ҳамин тавр, роҳбарияти як қатор мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва донишгоҳҳои кишвар дар бахшҳои сохтмони беҳтарин майдончаи варзишӣ, ободонию кабудизоркунии кӯчаву хиёбон, бунёди гулгаштҳо ва сифати корҳо бо мукофотҳои арзишманди пулию молӣ қадр карда шуданд.
Ба ҳар як ғолиби озмун ҷоиза, ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ аз 5 то 30 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.
Сарвари давлат зимни супурдани мукофотҳо ба сифати кори иштирокчиёни озмун баҳои баланд доданд. Бино ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин иқдом агар аз як тараф ба ободонии пойтахти кишвар, зебову дилнишин гаштани кӯчаву хиёбонҳои он мусоидат карда бошад, аз ҷониби дигар тадбири мазкур ҳамчун ғамхорӣ дар ҳаққи насли наврас баҳри баланд бардоштани завқи зебоипарастии кӯдакон ва ба варзиш машғул шудану обутоб додани ҷисми онҳо хизмати арзанда мекунад.
Баъди ҷамъбасти озмун, роҳбарияти 80 сохтору мақомоти давлатӣ бо ҳисси баланди ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ тасмим гирифтанд, ки аз ҳисоби даромади хеш дар маҳаллаҳои гуногуни пойтахт барои кӯдакону наврасон ва насли ояндасози ҷумҳурӣ майдончаҳои варзишии муосир бунёд менамоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин иқдоми шоиста баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки бунёди чунин иншооти варзишӣ дар дигар марказҳои ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ баманфиат аст. 
Дар охири маҷлис Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои саривақтии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ба раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки барои боз ҳам ободу зебо шудани шаҳри Душанбе ва шоҳроҳҳои наздишаҳрӣ аз ҳозир барои шинондани дарахтон, гулу буттаҳои ороишӣ дар хиёбонҳо ва иҷрои корҳои ободонию созандагӣ тадбирҳо андешанд.
Дастуру супоришҳо, ҳамчунин, ҷиҳати истифодаи оқилонаю самараноки неруи барқ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017 - 2018, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва захираи хӯрокаю маводи сӯхт дода шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2017    №: 221    Мутолиа карданд: 8036
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед