logo

маориф

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА. МАҚСАД ТАРБИЯИ КАДРҲОИ РАҚОБАТПАЗИР

Сохтмони бинои Донишгоҳи давлатии Данғара моҳи марти соли 2008 оғоз гардида, он 1 сентябри соли 2016 дар Рӯзи дониш дар  рафти сафари кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара мавриди  баҳрабардорӣ қарор гирифт. Инфрасохтори донишгоҳ имконият медиҳад, ки устодон ва шогирдон дар робитаи мустақил ва доимӣ қарор дошта, вақти худро бештар ба таълиму тарбия ва омӯхтани донишҳои замонавӣ сарф намоянд.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки сохтори идоравии имрӯзаи донишгоҳ мутобиқ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар заминаи низомномаҳои тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мебошад. Алҳол Шоҳиён Нуралӣ Набот, доктори илмҳои педагогика, номзади илмҳои техникӣ, сарварии донишгоҳро ба уҳда дорад. Дар он ҷиҳати  ба танзим даровардани ҷараёни таълим 5 талаботи касбӣ - тахассусӣ барои ҳамаи кормандон, маҷмӯи низомномаҳо оид ба ташкили марказҳои таълимӣ – тренинги равияҳои гуногун, 7 талаботи  рақобатпазирии донишҷӯён дар бозори озоди меҳнат, 64 адад нақшаи таълимии намунавии зинаи бакалавр, 17 адад нақшаи таълимии зинаи магистратура ва 3 адад нақшаи таълимии ихтисосҳои ғоибона таҳия гардидааст. Донишгоҳ тайёр намудани мутахассисони касбиро дар соли таҳсили 2017 – 2018 дар 6 факултет ва 20 кафедра аз рӯи ихтисосҳои педагогика ва технологияҳои таълимотии муосир, иқтисодиёти инноватсионӣ ва менеҷмент, аграрӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ, муҳандисӣ ва технологияи муосири истеҳсолӣ, идораи давлат ва ҳуқуқ ва як кафедраи умумии донишгоҳии ҳарбӣ, дар асоси низоми бисёрзинагии таҳсилот ба роҳ мондааст. Ҳоло дар донишгоҳ 4 ҳазору 57 нафар  донишҷӯ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон дар донишгоҳ мутахассисонро аз рӯи 54 ихтисос дар зинаи бакалавр ва 8 ихтисос дар зинаи магистр тайёр карда истодаанд. Дар шуъбаи аспирантураи донишгоҳ  аз рӯи 23 тахассус унвонҷӯ ба тадқиқотҳои илмӣ машғул мебошад.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2017    №: 223    Мутолиа карданд: 2251
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед