ҳуқуқ
БОЗ ПАСИ ПАНҶАРА. ДАР БОРАИ МАҲБУСЕ, КИ БА ҚАДРИ ОЗОДӢ НАРАСИД
Суди ноҳияи Рашт сокини ноҳияи Нуробод Саидов Раҳмонҷон Абдураззоқовичро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 204, қисми 3 бандҳои «а, в» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси кушодаи судӣ ба муҳлати шаш сол аз озодӣ маҳрум кард.
Тибқи иттилои Абдулҳаким Холиқзода, судяи суди ноҳияи Рашт, маҳкумшуда ба истеъмоли маводи нашъаовари навъи бангдона машғул будааст. Ӯ баъди истифодаи ин навъи маводи мухаддир тухмҳои онро ҷамъ намуда, дар доманакӯҳи қисми болои шаҳраки Дарбанд, дар мавзеи «Мулло-Ганҷ», кишт кардааст. 22 июли соли равон кормандони милитсия кофтукови шахсӣ гузаронда, аз ҷайбаш баргҳои ниҳолҳои бангдонаро дарёфт ва мусодира намуданд. Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ва минтақаи Рашт дар натиҷаи тадқиқот ошкор сохтанд, ки номбурда дар мавзеи мазкур 12 ниҳоли навъи бангдонаро парвариш мекардааст.
Ба гуфтаи судя, маҳкумшуда қаблан се маротиба суд шудааст. Ӯ 14 апрели соли 2009 бо моддаи 244, қисми 1 гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба муҳлати 6 моҳ, бо нигоҳ доштани даҳ фоизи музди меҳнаташ ба фоидаи давлат таъйин гардидааст. Бори дувум, 25 майи соли 2011 бо ҳукми суди ноҳияи Нуробод, моддаи 244, қисми 2, бандҳои «а, г» гунаҳгор ҳисобида шуда, бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ аз озодӣ маҳрум шудааст. 5 ноябри соли 2012 бошад, бо моддаи 204, қисми 3, банди «г» гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол таъйин гардидааст ва 3 сентябри соли гузашта бо дастрасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», аз 24 августи соли 2016, ба озодӣ баромадааст.
Суди ноҳияи Рашт бо сабаби он, ки Саидов Раҳмонҷон дар ҳолати такрорӣ (ретседивӣ) чунин намуди ҷиноятро содир кардааст, тибқи талаботи моддаи 58, қисми 5, банди «г» мувофиқи мақсад донист, ки охирин ҷазоро нисбат ба ӯ дар калонияи ислоҳии низоми сахт таъйин намояд.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.10.2017 №: 224 Мутолиа карданд: 1896