номаҳо
ШУМО ҲАМ САЛОМАТ БОШЕД!
Мехоҳам тавассути гӯшаи «Шаҳрванд» дар бораи Қувваталӣ Тешаев нависам, ки ба дарди даҳҳо нафар дармон бахшидааст.
Вақте дар дафтари кориаш дар Маркази саломатии шаҳрии № 2 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба варақаи таърихи бемориам муҳру имзо гузошту самимонаю бо чеҳраи хандон «Дигар ҳаргиз ба духтур муҳтоҷ нашавед!» - гуфт, дар як гӯшаи дилам нисбати эшон меҳру муҳаббате падид омаду нигоҳам ба чанд саҳифа – варақи дастнависи «сипоснома» - ҳо, ки рӯи ҳам дар кунҷи мизи кориаш меистод, афтод.
- Мумкин? - гӯён иҷозати хондан пурсидам.
- Марҳамат, инҳо розу ниёзи маъюбону беморонанд, - гуфт рафиқ Тешаев.
«Сипоснома. Ба табиби мушфиқу ғамхор Қувваталӣ Тешаев! Заҳматҳои Шумо ба кӯдаки маъюбам қуввату дармон, муносибату забони ширинатон ба ман – модар бошад, эҳтирому бовариро ба табибон даҳчанд афзун гардонданд. Шумо, ки ба беморон дармону умри дарозу ҳаёти солим мебахшед, ҳамеша солиму бардам бошед. Баракат ба касбу коратон...». Аз номи модари кӯдаки маъюб Раъно Ашӯрова, сокини ноҳияи Сино, кӯчаи Н. Ҳувайдуллоев, хонаи 45.
«Сипоснома» - и дуюмро мехонам: «Ман маъюби гурӯҳи дуюм. Аз дилсӯзию ғамхории фарзандвори Шумо як умр миннатдорам, табиби мушфиқ Қувваталӣ Ҳомидович! Дасти шафқати Шуморо, фарзанди азизу меҳрубон, чи дар хонаву чи дар Маркази саломатии шаҳрии № 2 ҳамеша ҳис менамоям... Эй кош, муносибату дилсӯзию шафқати дигар табибон ҳам мисли Шумо бошанд. Таманно дорам, ки дасту дилат ҳаргиз дарду ғамро набинанд!». Ҷовид Аҳмадов, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 31, ҳуҷраи 30.
Мо ҳам ба ин таманниёту ниёзмандиҳо пайваста, ба табиби мушфиқу ғамхор, пажӯҳишгари унвонҷӯ (дар мавзӯи «Пешгирӣ ва табобати бемории фишорбаландӣ» таҳқиқот бурда истодааст), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваталӣ Тешаев, ки қариб бист соли умри хешро дар ҳифзи саломатии кӯдакон, маъюбон ва тарбияи касбии ҷавонон сарф намудааст, умри дарозу пурсамар ва дастовардҳои беназири касбию илмӣ орзумандем.
Карим ДАВЛАТОВ,
нафақагир, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.11.2017 №: 225 Мутолиа карданд: 3805