мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛАЙ ПАТРУШЕВ
1 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушевро ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот аз рушди босуботу муназзами муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ карданд. Сарвари давлат бо ёдоварӣ аз мавқеи тағйирнопазиру устувори кишвари мо таъкид доштанд, ки таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният дар баробари дигар бахшҳои афзалиятнок муҳимтарин омили густариши равобити дуҷониба мебошад.
Ҷонибҳо зимни мулоқоти судманд масъалаҳои ҳамкориро дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки барои мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳалли мушкилоти амнияти минтақавӣ, пурзӯр кардани иқтидори мудофиавии неруҳои сарҳадии Тоҷикистон вобаста ба таҳдиди хатар аз ҷониби Афғонистон, бояд тадбирҳои дастаҷамъона андешида шаванд. Дар ин самт ҳамкорию ҳамгироии шӯроҳои амнияти ҳар ду кишвар зарур шумурда шуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои низомӣ ва ҳарбӣ - техникӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии Қувваҳои Мусаллаҳ ва Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.11.2017 №: 225 Мутолиа карданд: 2276