ҳуқуқ
АВВАЛИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛӢ
Яке аз муҳимтарин ва муқаддастарин дастоварди даврони соҳибихтиёрӣ ин қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони озоду мустақил ба шумор рафта, ормонҳои инсондӯстӣ, фарҳангсолорӣ, сулҳпарварӣ ва созандагии миллати сарбаланди тоҷикро дар меъёру мазмун ва муҳтавою муқаррароти худ ба таври равшану асоснок таҷассум намудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчанд дар замони нооромиҳои дохилӣ таҳия ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида бошад ҳам, аз нигоҳи мутобиқати мазмунӣ ва ҳуқуқӣ ба меъёрҳои бунёди низоми давлатдории демократӣ, ки, пеш аз ҳама, ба таъмин, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд асос ёфтааст, сазовори баҳои баланди назарияшиносони соҳибэътибори сатҳи ҷаҳонӣ гардидааст.
Маҳз ба шарофати чунин ислоҳоту мукаммалсозии меъёр ва муқаррарот буд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун поя ё асоси мустаҳками ҳуқуқӣ ҳадафҳои рушду тараққиёти миллиро таъмин карда, бо назардошти пешрафти табии ҷомеа, тавсеаву мазмуну моҳияти нав пайдо намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи рукнҳои идоракунии давлатӣ посухгӯи ниёзи замон ва ҳамқадами раванди созандагиву бунёдкории ватандӯстона гардид.
Аҳолии Тоҷикистон ҳамеша соҳиби маданияти волои қонунписандӣ ва дараҷаи баланди донишҳои ҳуқуқӣ будани хешро собит намуда, дар гиромӣ доштани ҳокимият ва волоияти қонун, муқаддас ва пуршараф будани риояи он, хусусан нисбат ба Конститусияи кишвари узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, фаъолона ҳиссагузорӣ намуда истодаанд. Зеро шаҳрвандони Тоҷикистон Конститутсияро дастури қонунманди ҳуқуқие медонанд, ки ҷавҳари аслии онро таъмини иҷрои мақсаду мароми давлатсозии мутамаддин ва дифоъ аз арзишу манфиатҳои бунёдии давлативу миллӣ ташкил медиҳад.
Тантанаи ваҳдати миллӣ, вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ, рушду инкишофи устувор ва бомароми давлативу ҷамъиятӣ дар марҳалаи имрӯза бо такя ба мазмуну муқаррароти Конститутсия, тавассути заминасозии боэътимод, амалӣ гардида, дар давраҳои минбаъдаи пешрафту тараққиёт ва расидан ба сатҳу сифати нави тавсеаи иқтисодиву беҳбудии иҷтимоӣ Қонуни асосии кишвар чун нишонаи аввалин ва муқаддастарини соҳибистиқлолии давлати мо унсури асосии заминасоз ва рукни муҳими мададрасон хоҳад буд.
Суҳроб РӮШАНЗОДА,
раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.11.2017 №: 227 Мутолиа карданд: 1669