ҳуқуқ
ҚОНУНИ АСОСӢ ЭҲТИРОМ БА ОН ЭҲТИРОМ БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТ
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки яке аз онҳо қабули Конститутсия мебошад. Танҳо ҳамин санади олии ҳуқуқӣ дар навбати аввал ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳифз менамояд. Ҳеҷ як қонуни дигар бо эътибори ҳуқуқии худ ба он баробар буда наметавонад ё худ он ба дигар қонунҳо волоият дорад.
Дар Конститутсия сохторҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, низоми интихобот, мақомоти давлатӣ ва дигар муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ дарҷ ёфтаанд. Он заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян сохт ва, муҳимтар аз ҳама, барои инкишофи минбаъдаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ роҳи васеъ кушод.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми судии кишвар муайян карда шудааст, ки ин худ нишони таваҷҷуҳи махсус ба ин шохаи мустақили ҳокимият аст. Зеро ҳокимияти судӣ, волоият ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандонро таъмин намуда, ҳамзамон барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ 5 январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2017 тасдиқ гардид. Татбиқи барномаи мазкур барои боз ҳам устувор шудани сохтор ва фаъолияти ҳокимияти судӣ, такмил ва таҳкими он, пурсамар ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардидани фаъолияти он, таҳкими ҳамкориҳои ҳокимияти судӣ равона шудааст.
Кормандони мақомоти судӣ дар навбати худ бо дарки масъулияти баланди касбӣ ҷиҳати амалисозии адолати судӣ ва таъмини волоияти қонун вазифаҳои конститутсионии худро сарбаландона иҷро менамоянд.
Шарифхон САЙДАЛИЗОДА,
судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.11.2017 №: 228-229 Мутолиа карданд: 1754