ҳуқуқ
НУРОБОД. ҚАДРДОНИИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ
Бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик дар ноҳияи Нуробод чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Дар он собиқадорони милитсия, фаъолон ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳасан Дӯстзода, раиси ноҳия, кормандони милитсияро бо иди касбиашон табрик намуда, иброз дошт, ки мақомоти милитсияи тоҷик, бахусус дар давраи аввали соҳибистиқлолии кишвар, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёди он рӯзҳо, якҷо бо дигар мақомоту сохторҳои низомӣ аз уҳдаи иҷрои масъулияти басо муҳиму душвор - барқарор кардани сохти конститутсионӣ, сулҳу суботи саросарӣ, таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун сарбаландона баромаданд. Имрӯз низ ин ҳомиёни тартибот вазифаи базиммадоштаашонро сарбаландона иҷро карда истодаанд. Мутмаинем, ки онҳо минбаъд низ дар таъмини амнияти шаҳрвандон, пешгирӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳо ва ҳифзи оромии диёр устувор хоҳанд буд.
Файзулло Раҳимзода, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Нуробод, зикр сохт, ки кормандони далеру шуҷои милитсия дар шароити тезутунд гардидани вазъияти ҷамъиятию сиёсии аввали солҳои навадуми қарни гузашта барои таъмини зиндагии орому осудаи сокинони ин гӯшаи диёр талошҳои зиёд намуданд. Маҳз бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои онҳо гурӯҳҳои зиёди ҷиноятӣ ва дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Таъкид кард, ки кормандони ҷавони милитсия бояд зираку ҳушёр бошанд ва барои ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ пайваста саъю талош намоянд.
Дар охир аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод барои меҳнати фидокорона ба кормандони милитсия сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Ба оилаҳое, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва расидан ба сулҳу суботи саросарӣ дар кишвар ҷонфидоӣ намудаанд, ёрии моддӣ расонда шуд.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.11.2017 №: 231 Мутолиа карданд: 1878