номаҳо
БЕҲРӮЗ ХОҶАЗОДА – ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ОИД БА САМБО
10 – 12 ноябр дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо баргузор гардид, ки дар он аз Тоҷикистон варзишгарон Ҷомии Ҳасан (52 кг), Акмалиддин Каримов (57 кг), Сорбон Латифов (62 кг), Хушқадам Хусравов (68 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (74 кг), Зафар Олимшоев (82 кг), Умед Ҳасанбеков (90 кг), Фирдавс Насимов (100 кг), Набимуҳаммад Хоркашов (+100 кг) ширкат варзиданд. Маврид ба ёдоварист, ки дар чемпионати имсола 1000 варзишгар аз 90 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.
Паҳлавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода дар даври ниҳоӣ бар паҳлавони Беларус ғолиб омада, қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ ва муҳорибавӣ гардид. Бояд зикр намуд, ки пас аз 42 соли пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов (дар вазни 100 килло) дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Мински Беларус ба Беҳрӯз муяссар шуд, ки ин унвонро дар шаҳри Сочии Русия соҳиб гардад.
Гуштигирони дигари тоҷик Акмалиддин Каримов ва Набимуҳаммад Хоркашов медалҳои нуқра, Сорбон Латифов ва Зафар Олимшоев медалҳои биринҷиро ба даст оварданд.
Раҳматулло КАРИМОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.11.2017 №: 232 Мутолиа карданд: 1958