номаҳо
ШУКР, ОБИ ГАРМ ОМАД
Ба хонаҳоямон оби гарм омад. Гӯиё чанд моҳ аст, ки шодем, агарчи ин обро аз 10 ноябри соли равон доданд.
Чӣ сон шод нагардем? Охир ин рӯзро солҳои сол интизор будем. Агар ҳам рост бигӯям, ҳеҷ бовар надоштем, ки қубурҳоро аз нав пайванд мекунанду ба хонаҳо об, оби гарм меоранд.
Меандешидем, ки барои иҷрои ин кори бениҳоят душвор маблағу қувваи зиёди корӣ зарур аст. Ҳамаро пайдо карданду ба кор сафарбар намуданд.
Медонем, ки ташаббус ва дастур аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Медонем, ки раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ барои дар амал татбиқ гаштани супориши Сарвари давлат бо эҳсоси масъулияти бузург саъю кӯшиши зиёд ба харҷ дод. Дигар хонаҳоямон шабу рӯз гарм аст.
Шартнома ҳам бастем, барои се сол, бо муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе. Барои се сокини хона ва 36,6 м2, ки масоҳати умумии ҳуҷраи гармшаванда мебошад, моҳе 38 сомонӣ месупорем. Ҳол он ки пештар барои гарм кардани ин масоҳат чандин баробар зиёд маблағ месупоридем. Албатта, бояд ҳама шукргузор бошем, ба қадри ин истиқлолият, сулҳи пойдор ва заҳматҳои бесобиқаи Сарвари давлат бирасем.
Б. МИРЗОЕВ, ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.11.2017 №: 232 Мутолиа карданд: 2135