қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2018
Моддаи 1. Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад ба маблағи 21003087 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
- даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо 16172700 ҳазор сомонӣ, аз онҳо:
воридоти андозӣ - 14743919 ҳазор сомонӣ;
воридоти ғайриандозӣ - 1023781 ҳазор сомонӣ;
грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби
созмонҳои байналмилалии молиявӣ - 405000 ҳазор сомонӣ;
- буҷети лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ
бо ҷалби захираҳои молиявии беруна - 3274477 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
қарзҳо - 1764612 ҳазор сомонӣ;
грантҳо - 1509865 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои
буҷетӣ - 1555910 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ба маблағи 21337420 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории:
- мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ - 1120829 ҳазор сомонӣ;
- маориф - 3863064 ҳазор сомонӣ;
- тандурустӣ - 1550944 ҳазор сомонӣ;
- суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 3357910 ҳазор сомонӣ;
- фарҳанг ва варзиш - 648729 ҳазор сомонӣ;
- хоҷагии манзилию коммуналӣ,
ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал - 851712 ҳазор сомонӣ;
- комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 3483176 ҳазор сомонӣ;
- соҳаи кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор - 676081 ҳазор сомонӣ;
- саноат ва сохтмон - 132376 ҳазор сомонӣ;
- нақлиёт ва коммуникатсия - 1462898 ҳазор сомонӣ;
- дигар соҳаҳои иқтисодиёт ва хизматрасонӣ - 57297 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигар - 2476547 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 3. Ҳаҷми умумии касри буҷети давлатӣ ва манбаъҳои пӯшонидани он
1. Ҳаҷми умумии касри Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ба андозаи 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 334333 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад.
2. Манбаи пӯшонидани касри буҷети давлатӣ ба таври зерин муайян карда шавад:
- даромад аз хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ - 26000 ҳазор сомонӣ;
- даромад аз фурӯши векселҳои хазинадорӣ- 95000 ҳазор сомонӣ;
- иҷрои барзиёди нақшаи даромади
буҷетҳои маҳаллӣ - 10152 ҳазор сомонӣ;
- аз ҳисоби қарзҳои (грантҳои) созмонҳои
байналмилалии молиявӣ - 203181 ҳазор сомонӣ.
3. Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 1,6 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 1105088 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти ҷории буҷети ҷумҳуриявӣ 538680 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби барориши векселҳои давлатӣ, ҷалби қарзҳои (грантҳои) созмонҳои байналмилалии молиявӣ, маблағҳои баргардонидашуда аз рӯи созишномаҳои зерқарзӣ, бақияи маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ ба 1 январи соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон ва Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 566408 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
4. Маблағгузории хизматрасонии қарзи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 384587 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти ҷории буҷети ҷумҳуриявӣ 179577 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби баргардонидани қарзҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» ба суратҳисоби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 40000 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби бақияи маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ба 1 январи соли 2018 ва Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 165010 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
Моддаи 4. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ
Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2018 аз рӯи даромад ба маблағи 9532802 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 9856983 ҳазор сомонӣ ва касри он ба маблағи 324181 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 5. Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи манбаъҳои даромад
Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2018 воридоти даромад аз ҳисоби субъектҳои хоҷагидории дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ба маблағи умумии 9532802 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
- андоз аз арзиши иловашуда - 4909992 ҳазор сомонӣ;
- аксизҳо - 403492 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фурӯш - 19600 ҳазор сомонӣ;
- андоз барои захираҳои табиӣ - 193827 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фоида - 640134 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз даромад - 813640 ҳазор сомонӣ;
- боҷҳои гумрукӣ - 842789 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз истифодабарандагони
роҳҳои автомобилгард - 360000 ҳазор сомонӣ;
- даромадҳои дигари ғайриандозӣ - 944328 ҳазор сомонӣ;
- грантҳои созмонҳои
байналмилалии молиявӣ - 405000 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 6. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии вазифавӣ
Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2018 аз рӯи гурӯҳбандии вазифавӣ дар ҳаҷми зерин тасдиқ карда шавад:
Маблағгузории бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ - 720113 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- мақомоти иҷроия ва қонунгузорӣ - 157744 ҳазор сомонӣ;
- сиёсати молиявӣ ва андозию буҷетӣ - 107832 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти сиёсати берунӣ - 240176 ҳазор сомонӣ;
- мақомоти дигари давлатӣ - 214361 ҳазор сомонӣ.
Маориф - 705808 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- таҳсилоти умумӣ - 155742 ҳазор сомонӣ;
- таҳсилоти касбӣ - 387490 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи маориф - 162576 ҳазор сомонӣ.
Тандурустӣ - 275530 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- беморхонаҳо - 159636 ҳазор сомонӣ;
- марказҳои саломатӣ - 4979 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи саломатии аҳолӣ - 32350 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи тандурустӣ - 78566 ҳазор сомонӣ.
Суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 507191 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- суғуртаи иҷтимоӣ - 336666 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи иҷтимоӣ - 50984 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи суғуртаи
иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 119541 ҳазор сомонӣ.
Фарҳанг ва варзиш - 286298 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- чорабиниҳо оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш - 4394 ҳазор сомонӣ;
- муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ - 70624 ҳазор сомонӣ;
- воситаҳои ахбори омма - 112607 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи фарҳанг ва варзиш - 98672 ҳазор сомонӣ.
Хоҷагии манзилию коммуналӣ,
муҳити зист ва хоҷагии ҷангал - 68935 ҳазор сомонӣ.
Комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 2076825 ҳазор сомонӣ.
Кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор - 160037 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- барои рушди соҳаи чорводорӣ - 4000 ҳазор сомонӣ;
- барои рушди соҳаи растанипарварӣ - 4300 ҳазор сомонӣ;
- барои рушди муносибатҳои лизингӣ ва
таъсису мукаммал намудани марказҳои
хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ - 30000 ҳазор сомонӣ.
Саноат ва сохтмон - 133083 ҳазор сомонӣ.
Нақлиёт ва коммуникатсия - 172764 ҳазор сомонӣ.
Фаъолияти дигари иқтисодӣ
ва хизматрасонӣ - 56300 ҳазор сомонӣ.
Хароҷоте, ки ба категорияҳои дигар
дохил карда нашудаанд - 3276794 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии давлатӣ - 1413448 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии дохилии давлатӣ - 179577 ҳазор сомонӣ;
амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии
берунаи давлатӣ - 1233871 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти шаҳри Душанбе барои амалӣ
намудани вазифаҳои пойтахт - 25000 ҳазор сомонӣ;
- Фонди хароҷоти пешбининамудаи
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 78839 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигаре, ки аз рӯи соҳаҳои
иқтисодиёт гурӯҳбандӣ нашудаанд - 1759507 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 7. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии идоравӣ ва барномавӣ
Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дар соли 2018 аз рӯи гурӯҳбандии барномавӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ, кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор, нақлиёт ва коммуникатсия тибқи замимаи 2 муқаррар карда шавад.
Моддаи 8. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ
Дар соли 2018 хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ дар ҳаҷми зерин муқаррар карда шавад:
Хароҷот - 9856983 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
Пардохти музди меҳнат - 1541731 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- музди меҳнати кормандони асосӣ - 1471163 ҳазор сомонӣ;
- музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ
ва хизматрасонӣ - 70568 ҳазор сомонӣ.
Маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ - 204615 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- аз ҳисоби музди меҳнати кормандони
асосӣ - 179646 ҳазор сомонӣ;
- аз ҳисоби музди меҳнати кормандони
ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ - 17661 ҳазор сомонӣ;
- суғуртаи тиббӣ ва суғуртаҳои дигар - 7308 ҳазор сомонӣ.
Хариди мол ва хизматрасонӣ - 2161776 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- пардохти хизматрасонии коммуналӣ - 145526 ҳазор сомонӣ;
- пардохти хизматрасонии алоқа - 72621 ҳазор сомонӣ;
- дигар хариди мол ва хизматрасонӣ - 1943629 ҳазор сомонӣ.
Хизматрасонии қарзҳои дохилӣ ва беруна - 1413448 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- пардохти фоизҳои қарзи дохилӣ - 179577 ҳазор сомонӣ;
- пардохти қарзи берунаи асосӣ - 538680 ҳазор сомонӣ;
- пардохти фоизҳои қарзи берунаи асосӣ - 695191 ҳазор сомонӣ.
Хароҷоти пардохти кумакпулиҳо
(субсидияҳо) - 87680 ҳазор сомонӣ.
Хароҷот барои трансфертҳо - 1014933 ҳазор сомонӣ.
Кумакпулиҳои иҷтимоӣ - 175294 ҳазор сомонӣ.
Трансфертҳои дигар - 295068 ҳазор сомонӣ.
Амалиёт бо дороиҳо, уҳдадориҳо
ва сармоягузорӣ - 2962441 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- маблағгузории асосии мутамарказ - 2645171 ҳазор сомонӣ;
- хариди мошинҳо ва таҷҳизот - 65715 ҳазор сомонӣ;
- дигар дороиҳои ғайримолиявӣ - 242796 ҳазор сомонӣ;
- хариди дороиҳои молиявии дохилӣ - 8759 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 9. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ба маблағи 315354 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 10. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷудошаванда
1. Ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои фонди музди меҳнат ба маблағи 820797 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 174057 ҳазор сомонӣ;
- вилояти Хатлон - 461007 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Варзоб - 12307 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Рашт - 41498 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Лахш - 28886 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Нуробод - 26983 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Сангвор - 14185 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Тоҷикобод - 18559 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Файзобод - 26296 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Шаҳринав - 17019 ҳазор сомонӣ.
2. Ҳаҷми кумаки молиявии беподош (дотатсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои буҷетҳои маҳаллӣ барои пардохти хароҷоти ҷорӣ ба маблағи 4239 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
- ноҳияи Сангвор - 3785 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Тоҷикобод - 454 ҳазор сомонӣ.
3. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия) ба фондҳои мақсадноки давлатӣ, ба буҷети вилоятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи вилоятҳо ва ҷумҳурӣ аз рӯи иҷрои воқеии буҷети ҷумҳуриявӣ мустақиман аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад.
Моддаи 11. Маблағҳои нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ
Маблағҳои нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба 1 январи соли 2019 ба маблағи 239313 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шаванд.
Моддаи 12. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ
1. Дар соли 2018 ҳаҷми умумии буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи даромад бо дарназардошти мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия), ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешаванд, ба маблағи 5782934 ҳазор сомонӣ, хароҷот ба маблағи 5793086 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 10152 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 1254 ҳазор сомонӣ, вилояти Хатлон - 7367 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Варзоб - 180 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рашт - 311 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Лахш - 193 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Нуробод - 176 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Сангвор - 111 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Тоҷикобод - 123 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Файзобод - 220 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Шаҳринав - 217 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
2. Касри буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2018 аз ҳисоби таъмини иҷрои барзиёдии даромад ва маблағҳои озоде, ки ба ҳолати 1 январи соли 2018 ба вуҷуд омадааст, пӯшонида мешавад.
Моддаи 13. Таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
1. Дар соли 2018 ба буҷети ҷумҳуриявӣ даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии зерин ворид карда шаванд:
- андоз аз фурӯши алюминийи аввалия 100 фоиз;
- боҷҳои гумрукӣ 100 фоиз;
- андоз аз арзиши иловашуда ва аксизи беруна 100 фоиз;
- дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва даромадҳои ғайриандозии умумидавлатӣ (инчунин муҷозоти ҷаримавии онҳо), хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 фоиз;
- аз Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» – андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоида, инчунин андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об) 100 фоиз;
- аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии
Сангтӯда-1» андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об) 100 фоиз;
- аз Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷик» – андоз аз арзиши иловашуда 100 фоиз;
- аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»
ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» – андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида 100 фоиз;
- аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» – андоз аз фоида 100 фоиз;
- аз марказҳои идораи лоиҳаҳои сармоягузорӣ,
намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда – андоз аз даромади шахсони воқеӣ 100 фоиз;
- аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ (ба истиснои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком») – андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз 100 фоиз;
- аз Бонки миллии Тоҷикистон – андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 100 фоиз;
- аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тоҷикистону Америка «Корхонаи муштараки Анзоб» – андоз аз фоида 50 фоиз;
- пардохти бонуси обунавии яккаратаи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ аз ҳисоби истихроҷи маъданҳои фоиданок (ба ғайр аз канданиҳои фоиданоки маъмулӣ, обҳои зеризаминӣ ва лойи табобатӣ) 100 фоиз;
2. Дар соли 2018 ҳиссаҷудокунии маблағ аз андоз ва даромади умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мегардад, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи таносуби (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шавад:
- андоз аз арзиши иловашуда:
- ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд ва шаҳрҳои Роғун, Турсунзода ва Ҳисор) – 100 фоиз;
- аз вилояти Суғд – 60 фоиз ба буҷети вилоят ва 40 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- аз шаҳри Роғун – 25 фоиз ба буҷети шаҳр ва 75 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- аз шаҳри Турсунзода – 81 фоиз ба буҷети шаҳр ва 19 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- аз шаҳри Ҳисор – 89 фоиз ба буҷети шаҳр ва 11 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз фоида:
- ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Роғун) – 100 фоиз;
- аз шаҳри Душанбе – 33 фоиз ба буҷети шаҳр ва 67 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- аз шаҳри Ваҳдат – 42 фоиз ба буҷети шаҳр ва 58 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- аз шаҳри Роғун – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ.
- андоз аз даромад:
- ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Роғун) - 100 фоиз;
- аз вилояти Суғд – 58 фоиз ба буҷети вилоят ва 42 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- аз шаҳри Душанбе – 30 фоиз ба буҷети шаҳр ва 70 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- аз шаҳри Ваҳдат – 30 фоиз ба буҷети шаҳр ва 70 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- аз шаҳри Роғун – 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард:
ба буҷети ҷумҳуриявӣ 100 фоиз;
- аксизҳо:
ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо 100 фоиз;
- низомҳои махсуси андозбандӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо 100 фоиз;
- андозҳои маҳаллӣ, дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ва воридоти дигари ғайриандозии маҳаллӣ:
ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо 100 фоиз.
3. Воридоти андозҳои танзимшавандае, ки ҳиссаи он ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст, сараввал ба буҷети ҷумҳуриявӣ дохил гардида, ҳиссаи буҷетҳои маҳаллӣ сари вақт гузаронида мешаванд.
4. Воридоти андозҳои танзимшавандае, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз шаҳри Душанбе аз нақшаи умумии тасдиқгардида барзиёд дохил шудааст, ба буҷети шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Моддаи 14. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
1. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2018 аз рӯи даромад ба маблағи 2730823 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби андози иҷтимоӣ ба маблағи 2665823 ҳазор сомонӣ ва мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 65000 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 2730823 ҳазор сомонӣ мувофиқи замимаи 3 тасдиқ карда шавад.
2. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳолате ҷудо карда мешавад, агар даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа талаботи воқеии пардохти нафақа ва кумакпулиҳоро қонеъ карда натавонад.
3. Дар соли 2018 даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, хароҷоти он барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки ба вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад, мувофиқи замимаи 4 тасдиқ карда шавад.
4. Дар соли 2018 ҳиссаҷудокунии маблағ аз андози иҷтимоӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мешавад, барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ аз рӯи таносуби (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шавад:
- аз Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷик» 100 фоиз ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар шаҳри Душанбе 33 фоиз ба суратҳисоби Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр ва 67 фоиз ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар шаҳри Роғун 22 фоиз ба суратҳисоби шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр ва 78 фоиз ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дигари тобеи ҷумҳурӣ 100 фоиз ба суратҳисоби раёсат ва шуъбаҳои дахлдори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 15. Имтиёзҳои андозӣ барои корхонаю ташкилотҳои алоҳида дар соли 2018
1. Андоз аз арзиши иловашуда дар соли 2018 барои воридоти гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ), таҳвили он ба корхонаҳои коркарди гандум, инчунин фурӯши маҳсулоти аз гандум коркардшуда ба меъёри 10 фоиз муқаррар карда шавад. Баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашудае, ки ҳангоми хариди (воридоти) дигар молу маҳсулоти (кору хизматрасониҳои) барои таҳвили минбаъдаи гандум ва (ё) коркард ва фурӯши маҳсулоти аз гандуми коркардшуда истифодашаванда пардохта шудааст, наметавонад аз 10 фоиз зиёд бошад.
2. Дар соли 2018 воридоти нақлиёти махсуси коммуналию мусофиркашонии ҷамъиятӣ, ёрии таъҷилӣ ва автомобилҳои сабукрави назоратӣ, ки номгӯй ва миқдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе харидорӣ мешаванд ва барои пурра намудани парки нақлиёти мусофиркашонӣ ва беҳтар гардонидани таъминоти соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе равона мегарданд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ, ҳамчунин воридоти қувваи барқ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
3. Дар соли 2018 воридот ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
4. Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Маркази барқу гармидиҳӣ»-и Душанбе, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда, аксизҳо ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
5. Дар соли 2018 иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгарон ва пудратчиёни асосӣ оид ба сохтмони меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ва муассисаҳои таълимӣ барои 1200 ҷойи нишаст дар деҳаи Элоки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод, барои 1200 ҷойи нишаст дар маҳаллаи Чордаи шаҳри Ваҳдат, сохтмон ва таҷдиди 20 км роҳи автомобилгард дар ноҳияи Данғара, намояндаи фармоишгар Консорсиуми байналмилалии «COYENE ET BELLIER», сохтмони ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ширкати хитоӣ «Синзиян Бенсин» ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа барои 320 ҷойи нишаст, шаҳри Сарбанд барои 320 ҷойи нишаст, ноҳияи Данғара барои 640 ҷойи нишаст аз ҷониби ширкати хитоии «Синохайдро» аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд. Воридоти мол аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиёни асосӣ барои сохтмони иншооти мазкур тибқи номгӯй ва ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
6. Дар соли 2018 воридоти ангишт ба ҷумҳурӣ ба миқдори 7200 тонна барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеию ҳуқуқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
7. Дар соли 2018 иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосӣ оид ба сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида озод карда мешаванд.
8. Дар соли 2018 ба маблағи қарзи андозҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1», ки аз ҳисоби таҳвили қувваи барқ ба Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба вуҷуд омадааст, фоизҳои тибқи моддаи 73 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, ҳисоб карда намешаванд.
10. Воридоти маснуоти заргарӣ то 30 июни соли 2018 аз андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, бар ивази онҳо пардохти махсуси гумрукӣ ба андозаи зерин муқаррар карда шавад:
- барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргарӣ аз метали тилло – 18,0 сомонӣ;
- барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргарӣ аз метали нуқра – 3,06 сомонӣ.
11. Дар соли 2018 воридоти ҳамаи намудҳои чорвои зотӣ (таъйиноти гӯштӣ, ширӣ ва пашмӣ), тухмии элита ва репродуксионии навъҳои зироатҳои кишоварзӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи зот ва сифати тухмӣ аз хориҷи кишвар бо мақсади парвариш ва истеҳсоли маҳсулот, инчунин тухмии кирмак барои пиллапарварӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
12. Воридоти таҳвили ашёи хом (фурнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ ба корхонаҳои дӯзандагие, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
Моддаи 16. Ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби иҷрои барзиёдии даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
Дар соли 2018 аз ҳисоби иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо баъд аз пӯшонидани касри буҷет ва иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети тасдиқшудаи ҷумҳуриявӣ 20 фоизи маблағ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт равона карда мешавад.
Моддаи 17. Муқаррарот оид ба ҷойгиронии депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар бонкҳо
Дар соли 2018 бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет, маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки ба ҳолати 1 январи соли 2018 ба вуҷуд меоянд, ҳамчун депозит бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати кӯтоҳмуддат дар давоми соли буҷетӣ ҷойгир карда мешаванд.
Моддаи 18. Моддаҳои ҳимояшавандаи буҷети давлатӣ
1. Дар соли 2018 ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот музди меҳнат, маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, идрорпулӣ, нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ дохил карда шаванд.
2. Дар сурати зарурат ва мавҷуд будани сарфа аз рӯи моддаҳои дахлдори хароҷот, дар ҳолати набудани қарз аз рӯи онҳо, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои маҳаллии он ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо тартиби муқарраргардида ба нақшаи тасдиқшудаи моддаҳои хароҷот тағйироти дахлдор ворид намоянд.
Моддаи 19. Воридот ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва муқаррарот оид ба хароҷоти маблағҳои махсус
1. Маблағҳои махсуси вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар даромаду хароҷоти ташкилоту муассисаҳои дахлдори буҷетӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ҳамзамон, 40 фоизи маблағҳои махсуси Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 50 фоизи маблағҳои махсуси Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, 5 фоизи маблағҳои махсуси муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 10 фоизи маблағҳои махсуси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, дастгоҳҳои марказӣ ва мақомоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 фоиз маблағҳои махсуси дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ба истиснои маблағҳои грантӣ, сарпарастӣ, мақсадноки супоришӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа ба буҷети дахлдор ворид карда мешаванд.
2. Ба муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ истифодаи маблағҳои махсус (ба истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ) берун аз низоми хазинадорӣ тавассути ташкилотҳои қарзӣ манъ аст. Дар ҳолати риоя нагардидани низоми мазкур маблағҳои ошкоргардида пурра ба даромади буҷети дахлдор ситонида мешаванд.
3. Дар сурати аз ҳаҷми маблағи дар буҷети давлатӣ тасдиқшуда кам ва ё зиёд ворид гардидани маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он метавонанд ба сметаи даромад ва хароҷоти онҳо ва ба қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ тағйироти дахлдор ворид намоянд.
4. Дар соли 2018:
- дар ҳолати иҷро нагардидани қисми даромади буҷети давлатӣ ва норасоии маблағ барои пардохти хароҷоти дар буҷет пешбинигардида, маблағгузории пардохти музди меҳнат, хизматрасониҳо аз рӯи истифодабарии қувваи барқ, об ва дигар хизматрасониҳои коммуналии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки маблағҳои махсус доранд, аз ҳисоби ин маблағҳо амалӣ карда мешавад;
- 50 фоизи маблағҳои аз ҳисоби додани сертификат бадастовардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳои аз ҳисоби истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ бадастовардаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд. 50 фоизи маблағҳои боқимонда дар ихтиёри Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда, тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешаванд ва 50 фоизи маблағ дар ихтиёри Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда, тартиби дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида нисбат ба он татбиқ намегардад;
- маблағҳое, ки аз ҳисоби хизматрасонии консулии (ба истиснои пардохт барои додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоотӣ) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ворид мегарданд, баъди пардохт ба буҷет мутобиқи қисми 1 ҳамин модда, дар сметаи ягонаи даромаду хароҷоти идораҳои мазкур ба ҳисоб гирифта шуда, барои маблағгузории фаъолияти онҳо ва сохтмону таъмири биноҳои маъмурӣ равона карда мешаванд;
- маблағҳои аз ҳисоби додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоотӣ бадастовардаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 100 фоиз ба фонди андӯхтии дар сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта гузаронида шуда, хароҷоти он тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд;
- дар ҳолати норасоии маблағҳои дар буҷет барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа пешбинигардида, фарқияти он аз ҳисоби маблағҳои махсуси вазорату идораҳои дахлдор амалӣ карда мешаванд.
5. Бақияи маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои махсуси дар суратҳисобҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, ки ба ҳолати 1 январи соли 2018 ба вуҷуд омадааст, ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида намешаванд ва хусусияти мақсаднок дошта, барои маблағгузории хароҷоти буҷети соли 2018 пешбинишуда равона карда мешаванд.
Моддаи 20. Суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ
1. Дар соли 2018 воридот ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ ба андозаи 5 фоиз аз ҳисоби иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо, инчунин 10 фоизи маблағҳои махсуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 фоизи маблағҳои махсуси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар карда шавад. Ворид намудани маблағҳо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ бо тартиби муқарраргардида тибқи дастурамали аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида амалӣ карда мешавад.
2. Хароҷоти маблағҳо аз суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ бо фармоишҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 21. Имтиёзҳо барои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти қудратӣ
1. Маблағи рафтуомад ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёз муқаррар гардидааст, дар як сол як маротиба, дар доираи маблағҳои пешбинигардида, танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пардохта мешавад.
3. Пардохти ҷубронпулӣ дар сурати бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони дигар мақомоте, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблағе, ки тибқи Қонуни мазкур барои фонди музди меҳнат дар сметаҳои ягонаи даромад ва хароҷотии вазорату идораҳои дахлдор тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад.
Моддаи 22. Муқаррарот оид ба ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Аз 1 январи соли 2018 барои ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 фоизи маблағҳои умумии пинҳонкардашудаи (кам нишондодашудаи) андоз, фоиз ва ҷарима аз рӯи онҳо, ба истиснои андози иҷтимоӣ, низомҳои махсуси андозбандӣ ва андозҳои маҳаллӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ ошкор гардидаанд, ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 фоизи маблағҳои хироҷи гумрукӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешаванд.
2. Маблағҳо аз ҳисоби даромадҳои андозӣ, ба истиснои андозҳо ва низомҳои махсуси қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда бо тартиби марказонидашуда 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ бо намуди андоз ворид карда шуда, ҳиссаи он мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, барои маблағгузории тадбирҳои муқарраргардида истифода мешаванд. Тартиби дар моддаи 19 Қонуни мазкур пешбинигардида нисбат ба мақомоти мазкур татбиқ намегардад.
Моддаи 23. Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо
Аз 1 январи соли 2018 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии дигар бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 50 сомонӣ муқаррар карда шавад.
Моддаи 24. Муқаррарот оид ба пардохти маблағ тибқи ҳалномаҳои суд ва ба буҷет ворид намудани ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳо ҳангоми риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Иҷрои ҳалномаҳои суд дар бораи рӯёнидани зарари моддию маънавии аз тарафи кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ расонидашуда, аз ҳисоби маблағҳои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти онҳо амалӣ карда мешаванд.
2. Маблағҳои аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби мусодираи молу мулк, ҷарима, пеня, ҷубронпулӣ воридшуда ва ҳамчунин ҷуброни зарари молиявии дар натиҷаи риоя накардани интизоми молиявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ расонидашуда, ба истиснои маблағҳое, ки аз вайронкунандагони қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин ситонида мешаванд, ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.
Моддаи 25. Тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016
1. Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 аз рӯи даромад ба маблағи 18483788 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 18294331 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот ба маблағи 189457 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
2. Хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 барои пардохти уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пардохти қарзи асосии беруна бо дарназардошти хизматрасонии он ба маблағи 1105804 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 26. Муқаррарот оид ба ворид намудани тағйирот ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дар мавриди барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисмҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2018, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бе тағйир додани ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
2. Бо сабаби тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот (кор ва хизматрасонӣ), андозаи нарх, меъёри андоз, заминаи андозбандӣ, инчунин тағйирёбии сохтори ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти давлатӣ бармеоянд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷетҳои дахлдор тағйирот ворид намуда, бо тартиби муқарраргардида дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва буҷетҳои маҳаллӣ ҳисоби байниҳамдигарӣ мегузаронад.
3. Мақомоти молия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе чунин ҳисоби байниҳамдигариро метавонанд байни буҷетҳои маҳаллии дахлдор амалӣ намоянд.
Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2018 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 ноябри соли 2017, № 1469
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019 - 2020
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» қабул карда шавад.
2. Дурнамои нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ барои:
- соли 2019 аз рӯи даромад ба маблағи 23257115 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 23624121 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 367006 ҳазор сомонӣ ё 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ;
- соли 2020 аз рӯи даромад ба маблағи 26179407 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 26592976 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 413569 ҳазор сомонӣ ё 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ муайян карда шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат қарорҳоеро, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб менамоянд, дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи хароҷоти Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018 - 2020 қабул намояд. Ҳангоми пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» мувофиқи тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт нишондиҳандаҳои Буҷети давлатиро барои солҳои 2020 - 2021 аниқ намояд.
3. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ назорати иҷрои буҷетро ба роҳ монда, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои буҷетиро аз ҷониби маблағгирандагон таҳлил ва ҳангоми зарурат натиҷаи таҳлилро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳаҷми умумии Буҷети давлатии муқарраршудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2018 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 21003087 ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми умумии хароҷот ба маблағи 21337420 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба манбаъҳои маблағгузорӣ 334333 ҳазор сомонӣ барои иҷро қабул намояд;
- маблағгузории чорабиниҳои дар буҷет пешбинишударо дар доираи маблағҳои тасдиқшуда мутаносибан баробари даромади воқеӣ таъмин намояд;
- бо мақсади кам кардани бақияпулӣ аз рӯи пардохти андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоии солҳои гузашта, бо назардошти зарурати ихтисор кардани қарзи муассисаҳои буҷетӣ аз корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки то 1 январи соли 2018 ба вуҷуд омадааст, инчунин қарзи ташкилотҳои буҷетӣ аз рӯи андозҳо, мувофиқи тартиби муқарраргардида бе тағйир додани иҷрои воқеии даромад ва хароҷоти буҷет ҳисоббаробаркуниро байни онҳо гузаронад;
- оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ҳар се моҳ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;
- дар бораи истифодаи маблағҳои Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона пешниҳод намояд;
- тавассути воситаҳои ахбори омма ҳар се моҳ аз рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 маълумот диҳад.
5. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки:
- пӯшонидани касри буҷети ҷумҳуриявиро ба маблағи 95000 ҳазор сомонӣ бо роҳи барориши векселҳои давлатии хазинадорӣ, инчунин ҷалби грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ намояд.
6. Бонки миллии Тоҷикистон:
- якҷоя бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» сари вақт ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ гузарондани андозу даромадҳоро таъмин намояд;
- аз рӯи амалиёти вобаста ба хизматрасонии уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати агенти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, иҷрои ҳисобу китоб ва пардохтҳоро оид ба уҳдадориҳои қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
- барои сари вақт иҷро кардани пардохтҳои асъории Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 мубодилаи маблағҳои буҷетиро ба асъори хориҷӣ мувофиқи дархости Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи қурби расмии асъор таъмин намояд.
7. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия вогузор карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 15 ноябри соли 2017, № 934
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.11.2017 №: 236-237 Мутолиа карданд: 3316