маориф
“ДАР МЕҲМОНИИ РЕКТОР”. БАРГУЗОРИИ АВВАЛИН ЧОРАБИНӢ
Бахшида ба 25 - солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон бо ибтикори Вазорати маориф ва илм лоиҳаи ҷадид таҳти унвони “Дар меҳмонии ректор” таҳия ва тасдиқ гаштааст ва дар назар аст, ки он дар тамоми муассисаҳои олии кишвар амалӣ хоҳад гашт. Мақсад аз он, пеш аз ҳама, дарёфти истеъдодҳои нави ҷавон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.
Ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур дар Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистони шаҳри Хуҷанд нахустин чорабинӣ баргузор шуд. Дар он зиёда аз 150 нафар намояндаи муассисаҳои олии кишвар иштирок доштанд. Дар чорабинӣ меҳмонон аз намоиши дастовардҳо ва осорхонаи донишгоҳ дидан карданд.
Ҳамзамон, дар доираи лоиҳа Конференсияи ҷумҳуриявии «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» ва вохӯрӣ бо иштирокчиёни Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гаштанд.
Баъдан, филми мустанади “Иҷлосияи тақдирсоз” намоиш дода шуд, ки ҷавонон бо баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб, аҳамияти таърихии он, солномаи пас аз иҷлосия, давраи нави гузариш – давраи гулгулшукуфии давлати тоҷикон шинос шуданд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.11.2017 №: 238 Мутолиа карданд: 1751