ҳуқуқ
ДОҒИ СУДӢ НАБОЯД БА ШАХСИ КОРТАЛАБ МОНЕА ЭҶОД КУНАД, АММО...
Шахсони доғи судидошта аксар вақт бо ҷойи кор таъмин намегарданд. Соҳибназарон ин мушкилро ба се омил рабт медиҳанд: кордиҳандагон ба ислоҳ шудани онҳо бовар надоранд, надоштани маълумоти олию таҷрибаи корӣ ва аз шарм ё тибқи одат ҳазар кардани маҳкумшудагону маҳбусон аз ҷомеаи муқаррарӣ.
Як сокини 50 - солаи шаҳри Сарбанд, бо шарти ифшо накардани ному насабаш, гуфт, ки аз сабаби бе ҷойи кори доимӣ будан, ризқу рӯзии аҳли оилаашро бо заҳмати мардикорӣ пайдо мекунад. “Як рӯз пул меёбам, як рӯз не. Дар рӯзҳои бобарор аз 10 то 50 сомонӣ кор мекунам. Ба чанд идора барои дарёфти ҷойи кор рафтам, гуфтанд, ки кор нест”, - иброз дошт ин мард. Модаре зимни як тамоси телефонӣ зикр кард, ки писараш бинобар надоштани шуғл ё кори доимӣ боз бо шахсони бадкирдор ошноӣ пайдо карда, оқибат бо ҷурме дубора ҳабс шуд.
Ба гуфтаи Бахтиёр Давлатов, сармутахассиси Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон, масъалаи асосӣ ин аст, ки бисёр ташкилоту корхонаҳо ишғоли вазифаҳои холиро ба тариқи озмун мегузаронанд. Сабаби дигар ихтисос надоштани шахсони аз маҳбас озодшуда ё ки маълумоти олӣ надоштани онҳо аст. Пас аз маҳбас озод шудан як муддати муайян даркор аст, то онҳо бо ҷойи кор таъмин шаванд”.
Ба иттилои мусоҳиби мо, давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳарчанд 230 шахси аз маҳбас озодшуда ба шуъбаҳои агентӣ муроҷиат кардааст, аммо аз ин шумора ҳамагӣ нуҳ нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудааст. Гуфтанист, ки Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон, ҳамзамон, ба маҳкумшудагони собиқ ёрии молӣ мерасонад, дар сурате ки худашон хоҳиш кунанд. Тибқи муқаррарот, кумакпулии давраи бекорӣ бояд то се дафъа на кам аз 400 сомонӣ, яъне баробар бо музди маоши ҳадди ақал пардохт гардад. Ба қавли манбаъ, ин маблағҳо имсол ба 216 нафар ироа гардидааст. Аз ин шумора 16 нафарашон зан будаанд, ки ба онҳо дар ҳаҷми 2700 сомонӣ кумакпулӣ дода шудааст.
- Бисёр вақт маҳбусони собиқ ба мо - масъулони Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон муроҷиат мекунанд, то барои бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо мусоидат намоем, - иброз дошт Раҳмоналӣ Давлатов, мудири бахши ҳуқуқи ин ниҳод. - Инҳо афроде ҳастанд, ки то ба маҳкама кашида шудан аъзои иттифоқҳои касаба буданд ва дар соҳаҳои гуногун кор мекарданд. Аммо, новобаста аз он, ки муроҷиаткунандагон аъзои мо ҳастанд ё не, кӯшиш мекунем ба онҳо ёрии амалӣ расонем.
Тибқи моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ҳуқуқ ба меҳнат дорад, ҳуқуқ дорад касбу ҳунар интихоб кунад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ шудааст. Яъне, дар робита ба кор ва меҳнат шахсро фарқгузорӣ кардан ба миллат, ҷинс, мавқеи сиёсӣ ва маҳалли истиқомат куллан манъ аст. Ин талабот дар моддаи 7 - и Кодекси меҳнат ҳам таъкид шудааст. Тибқи моддаи 210 - и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ низ маҳбус баъд аз баромадан ба озодӣ ҳуқуқ ба меҳнат дошта, метавонад дар муносибатҳои меҳнатӣ бе ягон маҳдудият иштирок кунад.
Пас, месазад, ки барои инсони комилҳуқуқи ҷамъият гардидани маҳкумшудагону маҳбусони собиқ муносибат бо онҳо эҳтиромона сурат гирад.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.11.2017 №: 238 Мутолиа карданд: 1679