порлумон
ҚАБУЛИ БАРНОМА ИМКОНЕ БАРОИ РУШДИ МИНБАЪДАИ ИҚТИСОДИЁТ
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ташреҳи барнома иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани қарзи берунаи ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ андешида, имрӯз ҷалби қарзҳоро, пеш аз ҳама, барои таъмини рушди афзалиятҳои муҳими иқтисодӣ, аз ҷумла, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли пурсамари аҳолӣ равона сохтааст. Ҳамчунин, ҳадафи асосии барнома баланд бардоштани самаранокии идора ва назорат дар самти ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Барнома 70 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 96 созишномаи қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро дар бар мегирад. Маблағи умумии қарзҳои азхудшуда, ба ҳолати 1 январи соли 2017, аз рӯи ин барнома ба 352,2 миллион доллар мерасад. Азхудкунии маблағҳо дар соли равон дар ҳаҷми 623,78 миллион доллар, соли 2018-ум 196,53 миллион, соли 2019 - ум 295,93 миллион ва дар соли 2020 бошад, 354,67 миллион доллар дар назар дошта шудааст.
Назар ба гуфтаи вазири молия, барнома аз рӯи тақсимоти соҳаҳои иқтисодиёт ба тариқи зерин таҳия шудааст: бахши кишоварзӣ ва мелиоратсия 20 лоиҳаи қарзӣ, тандурустӣ 6, маориф 11, энергетика ва саноат 29, нақлиёт ва коммуникатсия 45, хоҷагии манзилию коммуналӣ 32, идоракунии давлатӣ 13 ва ҳифзи иҷтимоӣ 1 лоиҳаро дар бар мегирад. Ҳамаи қарзҳои дар барнома дарҷгардида имтиёзнок буда, муддати онҳо 20 - 40 сол ва меъёри фоиз аз 0,15 то 2 дарсади солона мебошад.
Татбиқи лоиҳаҳои дар барнома пешниҳодгардида ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар мусоидат намуда, имконияти зиёд гардидани даромадҳои буҷетро фароҳам меорад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.11.2017 №: 238 Мутолиа карданд: 2856