номаҳо
МУШКИЛОТИ КАЛОНИ ДЕҲАИ ХУРД
Дар деҳаи мо беш аз ҳазор нафар зиндагӣ ба сар мебарад. Онҳо чанд сол ин ҷониб ба мушкили зиёде рӯбарӯанд, ки ҳаллашон ногузир мебошад. Пиндоштем, ки бо баррасии мушкилоти мавҷуда дар ҳаллу рафъи онҳо масъулон саҳм мегиранд. Мутаассифона, ин пиндори мо нодуруст баромад ва умедҳоямонро барбод доданд.
Бояд гуфт, ки деҳа то ба ҳол бунгоҳи тиббӣ надорад. Мо аз маркази ноҳия 24 километр дур мебошем. Аз ин рӯ, беморонро бо мушкилот ба беморхонаи марказӣ мебаранд. Ин боз дар сурате аст, ки роҳамон низ обод нест, хароб аст. Ронандагон намехоҳанд, ки дар мавриди зарурӣ ба ин деҳа биёянд. Онҳо то ба деҳаи ҳамсоя омаданро қабул доранду халос. Аз ин рӯ, баъзан маҷбур мешавем, ки 8 километр роҳро пиёда тай бикунему ба манзиламон бирасем.
Дар деҳа, инчунин, мағозаи мувофиқро пайдо карда наметавонем. Мушкилоти дигари аҳолии деҳ набудани чарогоҳ мебошад.
Ҷойи таассуф аст, ки чандин деҳаҳои дигар низ бо чунин мушкилот рӯбарӯанд, аммо дар ҳалли онҳо нотавонанд.
Ба ҳар ҳол метавон умед баст, ки мо аз ин мушкилот рӯзе раҳоӣ меёбем, агар, воқеан, як иқдоми шоиставу умедворкунанда роҳандозӣ шавад. Ё интизор бишавем?
Хуршеди МАВЛОН,
деҳаи Ваҳдати ноҳияи Фархор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.11.2017 №: 239 Мутолиа карданд: 1750