ҳуқуқ
НАФСИ БАД - БАЛОИ ҶОН
Суди шаҳри Ҳисор Маъруфхоҷа Амиров, сокини Ҷамоати Шарораи ҳамин шаҳрро барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар гунаҳкор дониста, дар маҷлиси ошкорои судӣ аз озодӣ маҳрум кард.
Ӯ бо маслиҳати пешакӣ бо писари бародараш Шамсиддин Амиров, сокини деҳаи Ғайратобод, маводи сахттаъсири героинро бо мақсади фурӯхтан дар хона пинҳон мекунад. Як рӯз дар назди бозори марказии шаҳри Ҳисор Маъруфхоҷа бо рафиқаш Илҳом Ҳайдаров маслиҳат карда, маводи мухаддирро 5500 доллари амрикоӣ нархгузорӣ мекунанд. Онҳо 22 феврали соли 2015 дар назди яке аз нонпазхонаҳои шаҳри Ҳисор вомехӯранд. Илҳом ба Маъруфхоҷа 1500 доллари амрикоӣ дода, аз ӯ маводи нашъаоварро мегирад. Як соат пас гурӯҳи оперативӣ - ҷустуҷӯии ВКД Ҷумҳури Тоҷикистон Маъруфхоҷаро дастгир мекунад.
Мутобиқи ҳукми суди шаҳри Ҳисор Маъруфхоҷа Амиров бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои «в, г» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуд. Нисбат ба ӯ бо дастрасии ҳамин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9 сол таъ-йин гардид. Бо дастрасии моддаи 7 банди 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 24 августи соли 2016 аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазои Маъруфхоҷа Амиров кам карда шуд.
Шералӣ Нуралӣ САФАРЗОДА,
раиси суди шаҳри Ҳисор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.11.2017 №: 240-241 Мутолиа карданд: 1739