ҳуқуқ
ХАТЛОН
БАРРАСИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа зери унвони «Фаъолияти марказҳои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» семинари омӯзишӣ доир гардид.
Фирӯз Исмонов, сардори раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати кишвар дар вилояти Хатлон, иброз дошт, ки баҳри татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоят марказҳои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ташкил гардид. Фаъолияти марказҳои номбурда имкон медиҳад, ки муроҷиати истеъмолкунанда сари вақт баррасӣ гардад ва нисбат ба кирдори шахсоне, ки уҳдадориҳои хешро дуруст иҷро накардаанд, чораҳои зарурӣ андешида шавад. Ҳамзамон, бо истифода аз ин марказҳо ба таври ҳамешагӣ ба шаҳрвандон доир ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон маълумоти зарурӣ пешниҳод мегардад. Ба ин васила доираи васеи истеъмолкунандагон аз ҳуқуқҳои худ ва ҳам аз вазифаҳои хизматгузорон, аз ҷумла савдогарону истеҳсолгарон, воқиф мегарданд.
Зимни чорабинӣ зикр ёфт, ки то давраи ҳисоботӣ ба марказҳои номбурдаи вилоят 66 муроҷиати шифоҳӣ ва 41 муроҷиати хаттӣ оид ба риоя нашудани ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ворид гардид. Масъулон ҳама арзу шикоятҳоро дар доираи салоҳияти худ баррасӣ намуданд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар воқиф сохтани сокинон аз ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва роҳҳои ҳимояи он дар интиҳои семинар ба иштирокдорони он - намояндагони сохторҳои дахлдори шаҳрию ноҳиявӣ, масъулони ташкилоту муассисаҳо ва хабарнигорон варақаю буклетҳои иттилоотӣ пешкаш карда шуд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.11.2017 №: 242 Мутолиа карданд: 1516