энергетика
БАДАХШОН. ХАТИ БАЛАНДШИДДАТИ БАРҚ БУНЁД ЁФТ
Ширкати ватании “Помир - Энерҷӣ” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди PATRIP (Олмон) сохтмони хати интиқоли барқи 110 кВ аз НБО “Помир - 1” то НБО “Хоруғ” - ро дар қитъаи “Раҳмонобод - Ханев” ва “Барсем - Раҳмонобод” бо сутунҳои оҳанин ба масофаи 13,8 км ба анҷом расонд. Иншооти нав имкон медиҳад, ки 29 200 хоҷагӣ (тақрибан 174 000 нафар) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 3560 хоҷагӣ (32 000 нафар) дар Бадахшони Афғонистон, инчунин, бисёр корхонаю мактабҳо ва марказҳои тиббӣ бо неруи барқи боэътимоди 24 - соата таъмин гарданд.
Ба гуфтаи Абдулло Амонбеков, менеҷери ширкати “Помир - Энерҷӣ” доир ба масоили робита бо ҷомеа , то ҳол дар ин қитъа як хати дузанҷираи 35 кВ ва як хати тақсимкунандаи 10 кВ мавриди амал қарор доштанд. Вале онҳо дар натиҷаи омадани сел дар мавзеи Барсем зарари калон диданд. Ҳатто як муддат 74 дарсади сокинони ВМКБ ва қисми зиёди муштариёни ширкат дар Бадахшони Афғонистон аз неруи барқ маҳрум гардиданд.
Баъди мувофиқаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Фонди PATRIP (Олмон) хати дузанҷираи интиқоли барқи 110 кВ аз деҳаи Барсем то Раҳмонобод ва аз деҳаи Раҳмонобод то Ханев сохта шуд, ки ин мушкилиро бартараф сохт.
Йенс Клаузен, ноиби раиси Фонди PATRIP, аҳамияти бунёди сутунҳои навро барои пешгирии оқибатҳои ногувори таъсири тағйирёбии иқлим, махсусан, дар ин минтақа, зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, энергияи интиқолёбанда барои занон ва кӯдакон, ки бо воридшавӣ ба ҷаҳони беруна метавонанд вақти бештари худро барои омӯзиш, азхудкунии донишҳои нав сарф кунанд, зарур аст.
Ба гуфтаи А. Амонбеков, лоиҳаи “Рӯшон - 1”, ки бо маблағгузории Фонди PATRIP ва Ҳукумати Норвегия амалӣ гардид, 5 деҳаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ ва 17 деҳаи Бадахшони Афғонистонро бо барқи доимӣ таъмин намуд. Амалисозии ин лоиҳа имконият фароҳам овард, ки 203 хонавода ва 13 муассисаи соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 713 хоҷагии Бадахшони Афғонистон бори аввал ба барқи доимӣ ва боэътимод дастрасӣ пайдо намуданд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.11.2017 №: 243 Мутолиа карданд: 18166